17 моҳи ҳомиладорӣ: Зани чинӣ рекорди нав гузошт

© Sputnik Ҳомиладорӣ. Акс аз бойгонӣ
Ҳомиладорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зан охирҳои моҳи феврали соли гузашта ҳомиладор шуд, аммо то ҳол таваллуд накардааст. Духтурон мегӯянд, ки дар моҳи 18-уми ҳомиладорӣ ӯро ҷарроҳӣ карда, кӯдакро мегиранд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Шаҳрванди Чин ба китиоби рекордҳои Гинесс ворид шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба тафсири англисии рӯзномаи "Жэнмин жибао".

Истиқоматкунандаи вилояти Хунани кишвари Чин 17 моҳ аст, ки ҳомиладор мебошад. Ван Ши аллакай моҳи феврали соли 2015 ҳомиладор гашта буд. Табибон муддати ҳомиладории вайро  то 15-уми ноябр муайян карда, аммо кӯдак намехоҳад зода шавад.

Зан ба таҳлука афтода ҳар 7-10 рӯз барои муоина ба беморхона мерафт. Табибон нахостанд, ки дар моҳи 14-ум кӯдакро ба воситаи ҷарроҳӣ аз батни модар берун кунанд, зеро ба фикри онҳо тифл ҳоло инкишоф ёфта набуд, менависад рӯзнома.

"Коршиносон мегӯянд, ки бархе аз занон то моҳи 13-ум таваллуд мекунанд, аммо 17 моҳ ғайриимкон аст. Табибон сабаби ин ҳодисаро муайн карда натавонистанд"- мегӯяд ҳамсари зан.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳолати зан хуб аст. Ба гуфтаи худаш ӯро дар моҳи 18-уми ҳомиладорӣ ҷарроҳӣ мекунанд.

Аммо доктори илмҳои тиб, акушер- гиниколог Елена Салантева ба РИА Новости гуфт, ки ин зуҳуроти ҳомиладорӣ ғайриимкон аст.

"Шояд ҳомиладорӣ дар ягон давраи худ аз инкишоф монда бошад. Ин гуна ҳолатҳо ташвишоваранд. Барои ҳамин ин вазъият бояд аниқ карда шавад",- мегӯяд Силантево.

Аркадий Котляр- табиби занона низ ҳамин гуна ақида дорад.

Тифл ва модар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷавонтарин модарони ИА дар кишварҳои назди Балтик ба сар мебаранд

"Ин ҳолат тамоман ғайриимкон аст. Агар ҳомиладорӣ инкишоф наёбад, тифли батн фавтидааст",- мегӯяд ӯ.

Вай ҳамчунин илова намуд, ки ҳолатҳои дертар бардоштани ҷанин маълум аст, ки он метавонад то 42-43 ҳафтаро ташкил кунад, аммо мӯҳлати ду баробар зиёд мавҷуд буда наметавонад.

Силантева ҳамчунин аниқ намуд, ки занро ҷарроҳи накардани табибон низ мавҷуд будани ягон мушкилиро нишон медиҳад.

"Дар тибби занона чунин ташхис мавҷуд аст, ки андозаи ҷанин ба муҳлати ҳомиладорӣ рост намеояд. Аллакай ин аломати ҷиддӣ аст, ки бояд чораи онро андешид. Агар кӯдак сари вақт инкишоф наёбад, то рафт мушкилтар мешавад",- хулоса намуд ӯ.

Лентаи хабарҳо
0