ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Бонувони кишварҳои назди Балтика модарони ҷавонтарини Аврупо эълом шуданд, менависанд манобеъи омории ИА.
Дар соли 2014 дар Иттиҳоди Аврупо 5,132 миллион кӯдакон ба дунё омадааст. Ин нишондод тақрибан то 70 ҳазор нафар нисбати соли 2011 зиёдтар аст. Коэффисенти зоиш аз 1,46 то 1,58 кӯдак ба як модар боло рафт.
Афзоиши бузургтарини нишондоди мазкур дар Латвия, ки соли 2001 то 0,43 нишондод зиёд шуд, ба қайд гирифта шудааст. Феҳрастро баъдан, Чехия, Словения, Литва ва Булғористон идома медиҳанд.
Бино ба натиҷаҳои омӯзиш, занони аврупоӣ фарзанди аввали худро дар синни 29- солагӣ таваллуд мекунанд. Модарони ҷавонтарини Иттиҳоди Аврупо шаҳрвандони Булғористон (25,8 сола) ва Руминия (26,1 сола) ҳастанд.
Бонувони назди Балтика аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ каме ақиб мемонанд. Синни миёнаи таваллуди нахустфарзанд дар Латвия — 26,3, дар Эстония — 26,6 ва дар Литва — 27-солагӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Италия ва Испания бошад, бонувон дар синнии бузургтар фарзанд ба дунё меоранд, яъне баръакси давлатҳои назди Балтик: онҳо фарзанди аввалинро дар синни 30,7 ва 30,6 таваллуд мекунанд.
Миёни кишварҳои аврупоӣ мақоми аввалро аз рӯи тавваллуд дар соли 2015 Фаронса соҳиб гардидааст. Соли 2014 дар ин кишвар наздики 819 ҳазор кӯдак ба дунё омадааст. Дар ҷои дуюм Бритонияи Кабир бо нишондоди 775 ҳазор нафар ва Олмон бо таваллуди 715 ҳазор кӯдак дар мақоми саввум қарор доранд.
Рӯйхатро Италия (502 600), Испания (426 100) ва Лаҳистон (375 200) идома медиҳанд.