ИМА ба сарҳадчиёни тоҷик автомобил ва воситаҳои техникӣ тӯҳфа кард

© AFP 2023 / VYACHESLAV OSELEDKOСарҳадбон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Сарҳадбон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низомиён барои пурзӯртар намудани мубориза богардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва автомашинаи тамғаи ҷип гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Сафоратхонаи ИМА ба сарҳадчиёни тоҷик таҷҳизоти комуникатсионӣ ва автомашинаи тамғаи ҷип ҳадя намуд,ки арзиши умумиашон 12 млн долларро ташкил медиҳад, хабар медиҳад мухаббири РИА Новости.

Дар маросими супоридани таҷҳизоти комуникатсионӣ бо арзиши 9 млн доллар ва  автомобили тамғаи Jeep Wrangler J8 бо арзиши 3 млн доллар сафари ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ширкат варзид.

"Кӯмаки ИМА барои мо хело муҳим аст, зеро дар сарҳади Афғонистон вазъият то ҳол мураккаб боқӣ мемонад",- қайд намуд дар чорабинӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон(КДАМ)Саймумин Ятимов.

Сарҳадбон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КДАМ: муқовимати сарҳадбонони тоҷик бо қочоқчиёни афғон дар марз

Ба гуфтаи вай Тоҷикистон минтақаест, ки ҷараёни воридоти маводи мухаддир ва террористонро нигаҳ медорад.

"Мо ба дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорем, зеро тавони  дар танҳогӣ мубориза бурданро бо ин хатар ва таҳдидҳо надорем",- қайд кард роҳбари КДАМ.

Миллард қайд кард, ки ин иқдом дастгирии  ИМА дар тарафдорӣ намудани  ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриҷонунии  маводи мухаддир нишон медиҳад.

Аз соли 2006 сар карда дар чорчӯбаи барномаҳои мубориза бо маводи мухаддир аз тарафи фармондеҳи марказии ИМА барои  муборизаи самаранок бо маводи мухаддир барои Тоҷикистон  151 млн доллар ҷудо карда шудааст.

Аз моҳи июн сар карда ҷониби Амрико ба сарҳадчиёни Тоҷикистон 7 автомобил-пикапҳо туҳфа намудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0