ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik Намояндагони вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ба бригадаи муҳоҷирони меҳнати тоҷик кӯмак намуданд, ки музди меҳнати худро гиранд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти намояндагӣ.
Зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба Вазорати меҳнат муроҷиат кард, ки маоши бригадаи 24 нафараи тоҷик аз моҳи феврал сар карда то моҳи июн пардохт карда нашудааст.
Қарзи умумӣ 1,5 млн рублро ташкил мекардааст.
Дар ду соли охир шаҳрвандони Тоҷикистон дар яке аз ширкатҳои сохтмони роҳ дар вилояти назди Маскави Красногорск кор мекарданд. Бригада корҳои таъмири роҳ, пул, ва дигар иншооти инфростукториро анҷом медод.
"Пас аз муроҷиати расмии Намояндагӣ ва пешниҳоди далелҳо дар асоси талаботи Кодекси меҳнати ФР, роҳбарияти ташкилот ӯҳдадориҳои молии худро дар назди коргарон адо намудааст. Муҳоҷирони меҳнати маоши деринтизори худро гирифтанд. Сабаби нигоҳдории маошро ширкат ҳамчун мушкилии молиявӣ фаҳмонид,"- омадааст дар хабар.
Ғайр аз ин, намояндагии Вазорати меҳнат ба зодаи шаҳри Турсунзода, ки дар як ширкати Маскав кор мекард, кӯмак расонид, ки маошашро ба маблағи 65ҳзр рубл гирад.