ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Кормандаони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон марди ғарқшудаистодаро наҷот доданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ.
Наҷотдиҳандагон марди 23 солаеро аз об бароварданд, ки дар вақти оббозӣ дар Сирдарёи шаҳри Хуҷанд қариб ғарқ мешад.
"Истироҳаткунанда аз соҳил дуртар шино намуд. Аммо ҳангоми баргаштан қуввааш ба шиноварӣ нарасида нафасгир мешуд. Наҷотдиҳандагони идора ҷабрдидаро ба соҳил бароварданд, ӯ ба кӯмаки тиббӣ ҳоҷат надошт",- омадааст дар хабар.
Кормандони КҲФ ҳамагӣ аз аввали сол 38 нафар одамонро аз ҳавзҳои оби кишвар наҷот доданд.
Пештар хабар дода шуда буд, ки дар вақти омадани сел ба дарёчаи Варзоб ҳаёти якчанд наврасон зери хатар монд. Се нафари онҳо, худашон тавонистанд, ки ба соҳил бароянд, 8 нафари дигарашонро бошад кормандони ВКД ва КҲФ ҶТ наҷот доданд.