Кристина Пронженко то “медали олимпӣ” давида натавонист

© REUTERS / Dominic EbenbichlerКристина Пронженко дар давидан ба масофаи 200метр дар Олимпиада дар Рио-де-Женейро
Кристина Пронженко дар давидан ба масофаи 200метр дар Олимпиада дар Рио-де-Женейро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар давидан ба масофаи 200метр варзишгар ба марра 69-умин шуда, дар муддати 25, 53 сония расида омад. Ӯ ба давраи нимниҳоӣ роҳхат гирифта натавонист.

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik.  Варзишгари тоҷик Кристина Пронженко дар бозиҳои Олимпӣ дар Рио-де-Женейро натавонист, ки ба мукофоти ҷоизавӣ ноил шавад.

Варзишгарзан дар мусобиқадар давидан ба масофаи 200 метр дар варзиши сабук иштирок намуд.

Дзюдочии тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо ҳарифи кубагиаш  Гарсиа Мендосе - Sputnik Тоҷикистон
Абдураҳмонов дар мусобиқаҳои олимпӣ шикаст хӯрд

Крстина тавонист, ки ин масофаро дар тӯли 25, 53 сония, дар ҷадвали мусобиқа 69-умин шуда ба марра расад. Натиҷаи ба дастовардаи ӯ имконият надод, ки ба давраи нимниҳоӣ расад ва муборизаро барои медал давом диҳад.

Ҷои якум ба варзишгар аз Кот-д'Ивуар насиб гардид. Ҷои дуввум ва сеюмро варзишгарони амрикоӣ ба даст оварданд.

Пештар 5 варзишгари дигари тоҷик низ дар Олимпиада шикаст хӯрда буданд.

Дар пеш- баромади Дилшод Назаров интизор аст.

Лентаи хабарҳо
0