ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Таҳдидҳои террористӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна сол ба сол зиёдтар назар мерасад, гуфт роҳбари шӯъбаи Донишгоҳи мамлакатҳои ИДМ Осиёи Миёна Андрей Грозин.
"Аз як тараф ин натиҷаи ноустувории музмини Афғонистон, аз ҷиҳати дигар- таъсири дагар омилҳое, ки пас аз "баҳори арабӣ" ба амал омаанд, онҳо ба мисли фаъолияти ҷиҳодӣ, ташкил шудани ДИ, тақвияти шаклҳои дигари исломи радикалӣ мебошанд"- нақл кард ба Sputnik Андрей Грозин.
Ба гуфтаи вай далели ба ҳамагон маълум он аст, ки пештар шаҳрвандон аз ОМ барои иштирок дар ҷанги шаҳрванди ба Афғонистон мерафтанд, ҳоло бошад ба ДИ равона шуда истодаанд.
"Сухан дар бораи ҳазорҳо одамон меравад. Ҳоло ин шумораи интиқодӣ аст, аммо ин бонги нав аст, ки онро бояд ба назар гирифт. Бо мушкилиҳое, ки дар Осиёи Марказӣ бо ҷурми Афғонистон ба амал меомад, кормандони амният бартараф карданро омӯхтанд. Пас аз сар задани терроризми соли 2011 террористони бо ном исломӣ ба ягон пешрафти ҷиддие ноил нашуданд. Ягон ҳамлаи террористии шадид- то ба воқеаҳои Актоба рӯй надодааст",- қайд намуд, коршинос.
Омилҳое, ки пас аз "баҳори арабӣ" сар заданд, ногаҳонӣ буданд ва мо метавонем онҳоро пурра бонги хатари нав ном диҳем. Мушкилиҳое, ки ҳоло Шарқи наздик дорад, аз як тараф анъанавӣ мебошад- таърихан ин минтақа маркази низоҳо буд. Аз дигар тараф, ташкил намудани квазидавлат, ки бо тамоми ҷаҳон ҷанги иттилоотӣ дорад, таҳдиди нав гардид.
Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ тайёр буданд, ки ба он бонги хатар ҷавоб диҳанд.
"Дар натиҷа- одамоне пайдо шуданд, ки ба ҷанг раванд: касе аз сабаби бемаърифатии динӣ, касе барои пул кор кардан, касе аз сабабҳо идеологӣ. Ин рафти оммавиро пешгирӣ карда натавонистанд" — гуфт Грозин.
Дар ин омил буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, паст шудани нарх дар бозори энергетика, паст шудани қурбҳои пули миллӣ, зиёд шудани бекорӣ ҳам нақши худро мебозад.
Мо бояд нагузорем, ки ҳодисае, ки дар Актоба шуда гузашт, такрор шавад, қайд намуд коршинос. Махсус терракти 5-уми июн ба мисли "занге" буд. Маълум шуд, ки кормандони амнияти Қазоқистон, агар ошкоро гӯем, ячейкаи ридикалҳоро, ки дар канори онҳо буд пурра кор карда бароварда ва пай бурда натавонистанд.
Вазъияти баамаломада назари интиқодии аҳолиро эҷод менамояд. Дар ин замина якчанд ваъдаҳои онҳо, аз ҷумла ваъдаҳои исломии онҳо ҷавоби худро меёбанд. Одамоне ёфт мешаванд, ки аз сабаби нодонии худ, бетартибии иҷтимоӣ, сабабҳои идеологӣ фикр мекунанд, ки агар "халифати исломи"-ро созанд, ҳамааш хуб мешавад. Аз нуқтаи назари инсони мулоҳизанок ин як сафсатае беш нест.
"Мутаассифона, ваакуми идеологиро дар ОМ дар тӯли солҳои истиқлолӣ натавонистан, ки пур намоянд", — хулоса намуд, Грозин.