ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар Қазоқистон рӯзи 9 июн дар робита бо ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Актоб Рӯзи мотам эълом гардидааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии президенти ҷумҳурӣ.
"Дар робита бо марги кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми осоишта, ки бар асари ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Актоб ба вуқӯъ пайваст дар Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи 9 июни соли 2016 Рӯзи мотами миллӣ эълон мешавад",-омадааст дар фармоне, ки аз ҷониби президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба имзо расидааст.
Рӯзи якшанбеи гузашта гурӯҳи ҷинояткорон ба мағозаи фурӯши аслиҳаи оташфишон ва таҷҳизоти низомии шаҳри Актоб ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд. Дар шаҳр низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълон гардида, фаъолияти корхонаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки чор ҷинояткор ба қатл расонида шуда, ҳафт нафари дигар дастгир гардиданд.