ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон воридоти равғани хурмо ва истифода намудани он дар корхонаҳои қоннодӣ манъ карда шуд, хабар дод, сардори хадамоти матбуоти агентии «Тоҷикстандарт» Мурод Ашӯров.
"Аз сабаби арзон будани равғани нахл савдогарони тоҷик навъи техникии равғани нахлро аз Малазия, Эрон ва Покистон меоварданд, ки истифодаи он дар хӯрок ба саломатии шаҳрвандони кишвар зарар меовард"- гуфт, ӯ .
Ашӯров қайд намуд, ки пас аз дохил шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо талаботи овардани равғани нахл ва истифодаи он дар истеҳсолот шиддат ёфт.
"Қарори қабулкардаи "Тоҷикстандарт" бо иҷрои талаботҳои қоидаҳои ин ташкилот ва ҳимояи саломатии аҳолии Тоҷикистон вобаста мебошад ",- қайд кард Ашӯров.
Равғани нахлро ба Тоҷикистон аз Малазия, Эрон ва Покистон меоварданд ва дар истеҳсоли маҳсулоти кулчақандӣ ва ширӣ истифода мебурданд.
Бояд қайд намуд, ки солҳои охир сифати истеҳсоли равғани пахтаи ватанӣ боло шудааст, ки метавонад асоси бекор кардани воридоти равғани нахл шавад.
Пештар хабар дода шуда буд, ки ба ҳудуди Тоҷикистон воридоти тухми мурғ, пӯсти мурғ ва равғани ҳайвонот низ пурра манъ карда шудааст.
Ин қарор бо мақсади пешгирии воридшавии маҳсулоти сифаташ паст ба кишвар ва ҳифзи саломатии истеъмолкунандагон пешбинӣ карда шудааст.