Сармураббии дастаи “Локомотив”-и Маскав ба Душанбе омад

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкИгор Черевченко. Акс аз бойгонӣ
Игор Черевченко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Номбурда рӯзҳои 1-2 июн дар Душанбе мусобиқаи сеюми кӯдаконаро ба хотираи падари худ Геннадий Иванович Черевченко, собиқ капитани дастаи “Помир”-и Душанбе баргузор менамояд.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Сармураббии дастаи "Локомотив"-и  Маскав Игор Черевченко, ки тарбиятгирифтаи футболи тоҷик мебошад, айни замон дар Душанбе қарор дорад ва аллакай аз Академияи футболи  "Истиқлол" дар деҳаи  Алмосӣ дидан карда,   бозии фестивали минтақавии футболи АФК (U-14)-ро тамошо кард.

Ӯ барои мухлисии дастаи ҷавонони Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоии фестивал бо дастаи Ҳиндустон вохӯрд, омада буд. Сабқат бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.

Дастаҳои "Истиқлол" ва "Локомотив" дар Душанбе вомехӯранд

"Тоҷикистон ҳамеша аз  истеъдодҳо бой буд. Мо бояд ба тарбияи ин истеъдодҳо бипардозем, ба онҳо кӯмак намоем ва ба онҳое, ки дар рушди футболи Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ намедоранд, сипос гӯем", — иброз дошт Игор Черевченко пас аз анҷоми ин вохӯрӣ.

Игор Черевченко писари собиқ бозигари дастаи футболи "Помир"-и Душанбе- Геннадйевич Черевченко буда,  21 августи соли 1974 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Қадамҳои нахустинаш дар футбол аз мактаби варзишии Душанбе шуруъ шуда буд. Ӯ ҳамчун ҳимоятгар бозӣ мекард. Соли 1992 дар ҳайати "Помир" чемпиони кишвар ва ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гардид.

Соли 1996  Черевченко ба дастаи "Локомотив"  даъват шуда, дар он ҷо ӯ бештар худро нишон дод ва дар ҳайати дастаи "роҳиоҳанчиён"  чаҳор маротиба Ҷоми Русия, се бор медали нуқра ва як дафъа медали биринҷиро ба даст овард.

Моҳи майи соли 2015  Игор Черевченко расман сармураббии дастаи "Локоматив" таъйин шуд.  Дар ин  бора ҳамон вақте огоҳӣ ёфт, ки дар шаҳри Душанбе қарор дошт. Қаблан дар вазифаи сармурабии  тими  роҳи оҳани Маскав ду нафар аз дастаи "Помир"-Юрий Семин  ва Рашид Раҳимов кор мекарданд. 

Маврид ба ёдоварист, Игор Черевченко 1-2 июн дар Душанбе мусобиқаи сеюми кӯдаконаро  ба  хотираи падари худ Геннадий Иванович Черевченко, собиқ капитани дастаи "Помир"-и Душанбе баргузор менамояд. Геннадий Черевченко дар замони худ ҳақиқатан яке аз шахсони содиқ ба футболи тоҷик буд ва даъвати тимҳои маъруфи СКА Карпати Лвов ва ССКА-и Маскавро напазируфта, то охир бо "Помир" монд.

Лентаи хабарҳо
0