Дастуру супоришҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев барои таҷлил аз Истиқлолият

© Sputnik / Амир ИсаевБоғи Рӯдакӣ. Акс аз бойгонӣ
Боғи Рӯдакӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси пойтахт дастур дод, ки дар ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғати шаҳр чорабинии асосии тантанавӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, тариқи мониторҳо мустақиман намоиш дода шавад.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрӣ машварат доир гардид, хабар медиҳад сомонаи шаҳрдорӣ.

Бино ба иттилои манбаъ зимни машварат масъалаҳои омодагӣ ба ҷашни асосии сол, 25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

Барномаи консертӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тобистон дар Тоҷикистон бо рақсу суруд анҷом меёбад

Раиси пойтахт дастур дод, ки дар ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғати шаҳр чорабинии асосии тантанавӣ ва консерти асосӣ, ки рӯзи 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, тариқи мониторҳо мустақиман намоиш дода шавад.

Ҳамчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев  қайд кард, ки бо ибтикори шаҳрдорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо то охири сол ба маблағи беш аз 2,3 млрд. сомонӣ иншооти гуногун ба истифода дода хоҳанд шуд ва дар ҳамин ҳол, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба тақвияти назорат аз боли сифати корҳои сохтмон дар ин иншоот ҷалб кард.

Ҳамасола ҷашни асосии ҷумҳуриявӣ-Истиқлолияти давлатӣ, рӯзи 9-сентябр қайд карда мешавад.

Қаблан хабар дода шуд, ки собиқ омӯзгори деҳаи ба номи Миралӣ Маҳмадилиев тасмим гирифтааст, ки ба ҳамватанони худ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти ҶТ китобхона тӯҳфа намояд. Фонди умумии китобхона 2170 китобро ташкил дода аз он 670-тоашон ба забони тоҷикӣ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0