ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар охирҳои моҳи август дар ноҳияи Рашт ҳунармандони оркестри эстрадии "Гулшан", ансамбли рақсии "Ҷахоноро", ва ансамбли "Садои шарқ" баромад хоҳанд кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии вазорати фарҳанги ҶТ.
Барномаҳои консертӣ аз 26 моҳи августи соли ҷорӣ то 30-юми ҳамин моҳ давом карда, ба 25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешаванд.
"Бояд ёдрас шуд, ки ин сафари аввалини гурӯҳҳои ҳунарӣ ба ноҳияи дурдасти кӯҳӣ мебошад. Дар давоми панҷ рӯз ҳунармандон барномаи рангину диданӣ ба сокинони ноҳияҳои Ҳоит, Ясман, Боқӣ Раҳимзода, Тагоба, шаҳраки Навобод, Қалъаи сурх, Ҷафр, Ҳиҷборак пешкаш хоҳанд кард",-омадааст дар иттилоия.
Ҳамроҳи ҳунармандон адибон ва шоирону намояндагони Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии ҶТ ба ноҳияи Рашт сафар мекунанд.
Бино ба иттилои манбаъ дар барномаи консертӣ ҳунармандони шинохта чун, Исматулло Холов, Саъдӣ Буризод, Фаридаи Бахтёр, Парвина Ҳақназарова, Эркин Одинаев, Зафар Абдуалимов ва ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» таҳти роҳбарии ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Дилором Сатторова табъи тамошобинонро болида хоҳанд кард.
Дар барномаҳои консертӣ дастовардҳои истиқлолият дар тӯли 25 сол, васфи ватан ва сулҳу ваҳдати миллӣ мавзӯи асосӣ хоҳанд буд.