Марзбонони тоҷик қочоқчиёни афғонро аз убури ғайриқонунии сарҳад боздоштанд

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкСарҳадбонони тоҷик дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Сарҳадбонони тоҷик дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи мусаллаҳ иборат аз 4-5 нафар ба сӯи сарҳадбонони тоҷик оташ кушода дар тарафи муқобил паноҳ бурданд. Дар ҷои ҳодиса 5 кило ҳероин ва як адад автомат бо тир ёфт шуд.

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бархӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба сухангӯи хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев.

"Шаби рӯзи душанбе гурӯҳи мусаллаҳ иборат аз 4-5 нафар дар нуқтаи сарҳадии ноҳияи Шӯробод кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади Тоҷикистонро карданд",-гуфт Улуғхоҷаев.

Ба гуфти ӯ қочоқчиён ба марзбонони тоҷик муқобилият нишон дода аз силоҳи оташфишон тир холӣ кардаанд. Байни марзбонон ва қочоқбарон бархӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Гурӯҳи мусаллаҳ аз торикии шаб истифода бурда дар тарафи муқобил паноҳ бурданд, иттилоъ дод Улуғхоҷаев.

Маводди мухаддири забтшуда. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аз гурӯҳҳои қочоқчиён беш аз 54 кг мухаддирот ва силоҳ мусодира шуданд

"Дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҷои ҳодиса 5 кило ҳероин дарёфт ва мусодира гардида, як автомати дигар бо тирҳояш ёфт шуд",-илова кард сухангӯи мақомот.

Айни ҳол дар ҷои ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд. Ба қавли Улуғхоҷаев ин 17-умин ҳодисаи бархӯрди мусаллаҳона мебошад. Аз аввали сол то ҳоли ҳозир 8 мусаллаҳи ғайриқонунӣ нобуд карда шуданд.

Рӯзи қаблӣ низ гурӯҳи мусаллаҳ кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади Тоҷикистонро кард. Қочоқчиён ба сӯи сарҳадбонони тоҷик оташ кушоданд, вале марзбонони тоҷик ба сӯяшон тирҳои ҷавобӣ холӣ карданд.  Аз қочоқбарон 22 кило нашъа дарёфт ва мусодира гардид. Аъзоёни гурӯҳи мусаллаҳ аз торикии шаб истифода карда дар он сӯи дарё паноҳ бурданд.

Лентаи хабарҳо
0