Аз гурӯҳҳои қочоқчиён беш аз 54 кг мухаддирот ва силоҳ мусодира шуданд

© AP / Mikhail MetzelМаводди мухаддири забтшуда. Акс аз бойгонӣ
Маводди мухаддири забтшуда. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар манотиқи ҳаммарзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз амалиёти интиқоли маводди мухаддир ҷилавгирӣ шудааст. Дар пайи ин амалиёти бобарори маъмурони амниятии Тоҷикистон аз фаъолияти гурӯҳи ҷиноии фаромиллӣ ҷилавгирӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар ҷануби Тоҷикистон дар пайи се амали кормандони КДАМ аз қочоқчиёни афғон миқдори бузурги маводи мухаддир ва чанд адад аслиҳа забт шудааст, менависад хабаргузории "Авеста".

Дар қаламрави ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон миёни сарбозони неруҳои марзбонии КДАМ ва ду шаҳрванди Афғонистон, ки талош доштанд барои тиҷорати маводди мухаддир аз марзи Тоҷикистон ғайриқонунӣ убур кунанд, даргирӣ сурат гирифтааст.

Ҷинояткорон Қорӣ Муҳаммад ва Содиқ валади Малукбой дар пайи шиддати муҷобалаи низомиёни тоҷик маҳалли ҳодисаро тарк карда дар қаламрави кишвари ҳамсоя панаҳ бурдаанд.

Афғонистон нобудсозии бозори нашъаро пешниҳод менамояд

"Дар ҷойи ҳодиса маъмурони КДАМ туфанги шикорӣ, беш аз 15,3 килограмм тарёк ва ҳудуди 1 килограмм ҳашиш пайдо кардаанд", — менависад хабаргузорӣ бо истинод ба маркази иртибототи ҷамъиятии КДАМ ҶТ.

Ба ҷуз аз ин дар қаламрави ноҳияи Қумсангир зимни анҷоми амалиёти дигаре намояндагони ду гурӯҳи қочоқчиёни маводди мухаддири афғон маҳв карда шудаанд.

Дар пайи даргирӣ бо низомиёни тоҷик Фазлиддин валади Муҳаммадшо — фармондеҳи яке аз ин гурӯҳҳои қочоқчиён ва қочоқчӣ мулло Аҳмадшоҳ валади Фаромузхон кушта шудаанд.

Дар маҳалли ҳодиса 38 кг ҳашиш, як дона автомати Калашников ва се тирдон бо 30 тир дарёфт шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0