ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Русия ният дорад ҳуҷатгузориҳои муҳоҷирони меҳнатиро тариқи шабакаи ягонаи Интернет-портали хизматрасониҳои давлатӣ ба роҳ монад, омадааст дар номаи равон кардаи ВКД ба Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия.
"Дар ҳоли ҳозир вазорати алоқа лоиҳаи сохтани кабинети инфиродиро барои шаҳрвандони хориҷӣ ба роҳ мондаст, ки тавассути он муҳоҷирон метавонанд барои гирифтани иҷозатномаи истиқомат тариқи интернет имкон пайдо намоянд",-гуфта мешавад дар ҳуҷҷати мақомот.
ВКД-и Русия бо мақсади баланд бардоштани ҳиссаи нафароне, ки хизматрасониҳои давлатиро тариқи интернет истифода мебаранд, барномаҳои зиёд роҳандозӣ кардааст.
Ҳамчунин тибқи иттилои мақомот баъди ба кор даромадани амалиёти ҷадид барномаи давлатии кӯчонидани ихтиёрии русзабонони муқими хориҷи кишвар ба қаламрави Федератсияи Русия низ тариқи интернет ба сурат хоҳад гирифт.
Қаблан хабар дода шуд, ки ба қонунгузории Русия эҳтимолияти ворид шудани иловаҳо вуҷуд дорад ва ба воситаи онҳо муҳоҷироне, ки дар ҳудуди Русия ҷойи кори доимӣ ва иҷозатномаи истиқоматӣ доранд, метавонанд дигар аз депорт ҳарос надошта бошанд.