$15 миллиони ИМА барои лоиҳаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкТанга ва маблағ. Акс аз бойгонӣ
Танга ва маблағ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мабалағҳо барои ба роҳ мондани стратегияи мубориза бар зидди терроризм, рушди савдо ва ҳамчунин соҳаи эенергетика истифода хоҳанд шуд.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ҳукумати Амрико барои ба роҳ мондани лоиҳаҳои якҷоя бо кишварҳои Осиёи Марказӣ маблағ ҷудо менамояд, иттилоъ медиҳад сайти сафорати ИМА дар Узбакистон.

Ба Панҷ кишвар-Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон барои ба роҳ мондани стратегияи мубориза бар зидди терроризм, рушди савдо ва ҳамчунин соҳаи эенергетика 15 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

"Дар доираи вохӯрии дуюми вазирони вазоратҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳукумати ИМА, ки соли 2016 дар Вашингтон баргузор гардид, ҷонибҳо барои ба роҳ мондани панҷ лоиҳаҳои якҷоя, ки барои онҳо наздики 15 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мешавад, ба мувофиқа расиданд",-қайд мегардад дар иттилоия.

Дар доираи С5+1ҳамчунин вохӯрӣ бо намояндагони тиҷоратии Амрико ва сармоягузорони хусусӣ, ки ба бозори мамолики Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ доранд, доир гардид.

Вашингтон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Князев дар бораи вохӯрии роҳбарони ВУХ-ОМ дар ИМА: манфиатҳои кишварҳо мухолифанд

Бино ба иттилои манбаъ яке аз самтҳои асосии ҳамкорӣ барқарор намудани муносибатҳои муфид  бо Форуми мубориза бар зидди терроризм бо мақсади пешгирии ҳаракати аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ  миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Барои пешгирии терроризм ҷалби коршиносони соҳа ва намояндагони ҳукуматӣ дар назар аст.

Моҳи ноябри соли 2015 Ҷон Керрӣ ва роҳбарони вазоратҳои хориҷии Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар Самарқанд оиди ташкили ҳамкорӣ дар шакли  С5+1  бо мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталаби минтақа ба мувофиқа расиданд.

Лентаи хабарҳо
0