ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонӣ дар бораи ҷонибдории худ аз истифодаи ҳукми қатл нисбати гунаҳкорон дар Тоҷикистон иброз дошт.
"Ҳукми қатл бояд нисбати нафароне, ки ба ҷиноятҳои махсусан вазнин, чун куштори чанд нафар, террористон, хоинони миллату давлат ва нафраоне, ки кушиши табадуллоти давлатӣ даст доранд, истифода шавад",-изҳор дошт ӯ.
Моҳи июни соли 2003 дар Кодекси ҷиноии кишвар шумораи моддаҳои ба ҳукми қатл марбутбуда аз 15 то 5 адад кам карда шуд.
Шурӯъ аз моҳи июни соли 2004 дар ҷумҳурӣ барои ҳукми қатл мароторий эълон шуда буд. Ба ҷои ҳукми қатл дар кишвар то 25 соли маҳрумият аз озодӣ ё маҳкамаи якумра ҷорӣ карда шудааст.
Чораи истисноӣ танҳо нисбати нафароне, ки дар куштори махсусан вазнин, терроризм, таҷовуз ба номус, генотсид ва ҳамчунин барои омода намудани силоҳи биологӣ ва истифодаи он нисбати аққалият маҳкум мешаванд, истифода мешавад. Нисбати кӯдакон ва занон истифодаи ҳукми қатл бекор карда шудааст.
Қаблан Amnesty International соли 2015-ро соли рекордии ҳукми қатл дар ҷаҳон эълон кард. Бино ба иттилои ташкилот дар соли 2015 зиёда аз 1,6 ҳазор нафар ба қатл расонида шудаанд, ки ин дар қиёс ба як соли қабл —573 нафар, яъне 50 дарсад зиёдтар аст.