ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Санкт- Петербург муҳоҷири тоҷики гурезпоро дастгир намуданд, хабар медиҳад шакли интернетии рӯзномаи "Фонтанка".
Се моҳ қабл марди нуздаҳсола аз муассисаҳои нигоҳдории Красное Село фирор намуд. Шурӯъ аз 9 май ӯ дар пайгард эълон шуда, танҳо рӯзи 3-уми август дастгир гардид.
Пас аз маълум гардидани он, ки муҳоҷир қайд ва ҷойи зисти доимӣ надорад, вай ба маркази нагаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷа ҷойгир карда шуд.
Ба муҳоҷири ҷавон даст дод то аз боздоштгоҳ гурезад: мард панҷараи муассисаи нигоҳдории муваққатиро боз карда ҳамроҳи дигар муҳоҷирон бо ёрии арғамчини худсохт аз бинои дар ошёнаи шашум қарордошта озод шудааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки ба қонунгузории Русия эҳтимолияти ворид шудани иловаҳо вуҷуд дорад ва ба воситаи онҳо коргароне, ки дар ҳудуди Русия ҷойи кори доимӣ ва иҷозатномаи истиқоматӣ доранд, метавонанд дигар аз депорт ҳарос надошта бошанд.