Зиёда аз 2 миллион муҳоҷир имтиҳони забони русӣ супориданд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкСупоридани имтиҳон. Акс аз бойгонӣ
Супоридани имтиҳон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зиёда аз 2,05 миллион шаҳрванди хориҷӣ аз имтиҳоноти забони русӣ, таърих ва асосҳои давлату ҳуқуқ дар ФР бо мувафаққият гузаштанд, иттилоъ медиҳад сайти ҳукумати ФР.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар хабарномаи мақомоти давлатӣ омадааст, ки то 5 июли соли 2016 дар супоридани имтиҳонот зиёда аз 2,174 миллион шаҳрванди хориҷӣ иштирок карда,аз онҳо 2,058 миллион нафар бо мувафаққият  (аз ҷумла 1,521 миллион нафар-бо мақсади кор, зиёда аз 286 ҳазор нафар-барои дарёфти иҷозатномаи зисти муваққатӣ ва наздики 251 ҳазор нафар-бо мақсади дарёти иҷозаи зист) имтиҳон супориданд.

Раванди имтиҳонсупорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирон таҳти назорати Рособрнадзор имтиҳон месупоранд

Бино ба иттилои манбаъ дар бастагӣ бо амалӣ гардонидани дастури президенти Федератсияи Русия, ки дар фармон аз 7 майи соли 2012 №602 "Дар бораи таъмини ҳамоҳангӣ" дарҷ гардидааст, то ҳоли ҳозир 817 марказҳои маҳаллӣ дар кишвар ва хориҷ аз он барои гузаронидани имтиҳонот фаъол ҳастанд.

Тибқи фармони мазкур аз 1 январи соли 2015 ҳар як шаҳрванди хориҷӣ бояд барои дарёфт намудани шаҳрвандӣ, гирифтани иҷозаи муваққатӣ барои зист ва иҷозатномаи кор аз фаннҳои забони русӣ, таърих ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ барои муҳоҷирони меҳнатӣ имтиҳон супорад.

"Марказҳои имтиҳонсупорӣ аз ҳисоби илова намудани ташкилотҳои омӯзишӣ чун Донишгоҳи давлатии Волгоград, Казан ва донишгоҳи давлатии Тюмен зиёд карда шудаанд. Ҳамин тавр шумораи марказҳои имтиҳонсупорӣ барои шаҳрвадони хориҷӣ  бо мақсади гирифтани иҷозатномаи зист ва кор зиёд шудааст",-омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0