Дар вохӯрии С5+1 масъалаҳои амнияти минтақа баррасӣ гардиданд

© Фото : пресс-служба МИД УзбекистанаВазирони вазоратҳои умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни вохӯрӣ дар ИМА
Вазирони вазоратҳои умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни вохӯрӣ дар ИМА - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Вашингтон вохӯрии вазирони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва котиби давлатии ИМА баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва экологиро мавриди муҳокима қарор доданд.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Вазирони умури хориҷии панҷ кишвари Осиё дар Вашингтон бо котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ вохӯрданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ Узбакистон.

"Вазирони вазоратҳои корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов Қирғизистон  Эрлан Абдилдаев, Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, Туркманистон Рашид Мередов, Узбакистон Абдулазиз Камилов ва котиби давлатии ИМА Ҷон Керри масъалаҳои рушди иқтисод, амният ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ намуданд",-омадааст дар иттилоия.

Вашингтон.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Баррасии ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА. Дар Вашингтон.

Дар доираи С5+1ҳамчунин вохӯрӣ бо намояндагони тиҷоратии Амрико ва сармоягузорони хусусӣ, ки ба бозори мамолики Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ доранд, доир гардид.

Моҳи ноябри соли 2015 Ҷон Керрӣ ва роҳбарони вазоратҳои хориҷии Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар Самарқанд оиди ташкили ҳамкорӣ дар шакли  С5+1  бо мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталаби минтақа ба мувофиқа расиданд.

Қаблан муовини котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ Дэниел Розенблюм ба рӯзноманигорон иброз дошт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳад дар доираи вохӯрии С5+1 дар Вашингтон панҷ лоиҳаи ҷадидро ба имзо расонад.

Лентаи хабарҳо
0