Эмомали Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар “Роғун” шинос шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаБоздиди Эмомали Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Роғун
Боздиди Эмомали Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти кишвар зимни боздид ба мутахассисон ва сохтмончиён дастур дод, то ҳамаи корҳо бо сифати баланд ва ҷавобгӯ бо талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ анҷом дода шаванд.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 4 август бо ратфи корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун шинос шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла бунёди сарбанд ё худ дарғоти нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар қитъаҳои алоҳида захиракунии маводи табиии сохтмонӣ, аз қабили регу шағал, сангҳои калонҳаҷм ва дигар масолеҳ бо суръати баланд ҷараён дорад.

"Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисоне, ки лоиҳаи бунёди сарбанди неругоҳро амалӣ мекунанд, дастур дод, ки ҳамаи корҳо бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ амалӣ карда шаванд. Ба таъкиди сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иншооти мазкур бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат намояд",-омадааст дар иттилоия.

Таъкид гардид, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ҳама қитъаҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии неругоҳ 2077 адад мошину механизм истифода мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон аснои ифтитоҳи яке аз варзишгоҳҳо дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президенти ҶТ: неругоҳи Роғун ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст

Зимни боздид аз мавзеи бунёди садди неругоҳ дар дарёи Вахш иттилоъ дода шуд, ки барои бастани маҷрои об 75 миллион куб маводи хокию сангӣ истифода хоҳад шуд. Дар навбати аввал 179 ҳазор куб масолеҳи сохтмонии хокию сангӣ зарур мешавад.

Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки 70 фисади корҳои нақбканӣ ба итмом расидаанд, "корҳои сохтмонӣ дар қубурҳои обпартои агрегатҳои 5 ва 6 бошад, бо ҷушу хурӯш идома дорад. Дар ин ҷо мутахассисони ватанию хориҷӣ 70 фисади корҳои нақбканиро ба итмом расонидаанд. Корҳои оҳану бетонӣ низ дар қитъаи сохтмонӣ вусъат меёбад".

Бино ба иттилои манбаъ айни ҳол дар ҳамаи қитъаҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун наздики 12 ҳазор нафар коргарону мутахассисон шабонарӯзӣ машғули коранд.

Қаблан хабар дода шуд, ки Salini Impregilo S.p.A.,-ширкати итолиёвӣ, ки дар озмуни тандери сохтмони Роғун ғолиб омада буд нақша дорад,  ду агрегати аввалини нерӯгоҳро соли 2018 ба кор омода намояд.

Анатолий Колесниченко муҳандис ва гидротехник, ки қаблан дар НБО Роғун ва Норак фаъолият кардааст дар мусоҳиба бо Sputnik иброз дошт,ки агрегати аввалини Роғун дар сурати риояи стандартҳои байналмиллалӣ на пештар аз соли 2022 омодаи кор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0