Дар ҶТ барои ширкатҳое, ки бо асъор сару кор доранд иҷозатнома ҷорӣ намуданд

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мӯҳлати гирифтани иҷозатнома то 15 августи соли ҷорӣ муайян карда шудааст. Нисбати ширкате, ки иҷозатномаро дар мӯҳлати муайянкардашуда намегирад, чораҳо андешида мешавад, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳамаи ширкат ва корхонаҳоеро, ки дар дохили мамлакат бо асъори хориҷӣ сару кор доранд вазифадор кард, ки иҷозатномаи танзимгарро ба даст оранд, хабар дод ба РИА Новости намояндаи хадамоти матбуоти БМТ.

Кӯча дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ: дар Душанбе 10 нуқтаи мубодилаи асъор ифтитоҳ шуд

"Ин чора бо иҷрои  қонун "Дар бораи танзим ва назорати асъор" врбаста аст. Мӯҳлати гирифтани иҷозатнома то 15 августи соли ҷорӣ муайян намуда шудааст. Нисбати ширкате, ки иҷозатномаро дар мӯҳлати муайянкардашуда намегиранд, чораҳо андешида мешаванд"- гуфт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Ӯ қайд кард, ки Бонки миллӣ ширкатҳои мобилӣ ва нақлиётиро, ки бо боркашонии байналмиллалӣ машғуланд, корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани тоҷик", меҳмонхонаҳое, ки бо асъори хориҷӣ сару кор доранд ҳушдор намудааст, ки аз БМТ иҷозатнома бигиранд, то бо асъори миллӣ фаъолият кунанд.

Лентаи хабарҳо
0