БМТ: дар Душанбе 10 нуқтаи мубодилаи асъор ифтитоҳ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевКӯча дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Кӯча дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон барои иваз кардани асъори хориҷӣ дар бозорҳои калони шаҳри Душанбе ва фурӯшгоҳҳо чанд маркази хизматрасонии бонкиро роҳандозӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар  бозорҳои "Шоҳмансур", "Султони Кабир", "Фаровон",  Фурӯшгоҳи марказии "СУМ", маркази савдои "Садбарг" барои табдили асъор ва хариду фурӯши он марказҳои нави хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз карданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Баста шудани нуқтаҳои мубодилаи асъор ва даъвати БМТ аз аҳолии кишвар

Тибқи иттилоъи расмӣ, ҳоло дар хазинаҳои 121 ташкилоти қарзӣ, 434 филиали онҳо, 1265 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 1464 нуқтаи интиқоли маблағ шаҳрвандон метавонанд асъори худро иваз кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ эълом мекунад, ки тайи якуним моҳи соли равон шумораи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии ташкилотҳои қарзӣ 28 адад зиёд шудааст.

Аз зиёд шудани теъдоди марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар ҳоле сухан меравад, ки 1-уми декабри соли гузашта Бонки миллӣ дари тамоми саррофиҳои хусусиро баст ва фаъолияти онҳоро дар кишвар манъ кард.

Тасмими манъи фаъолияти дӯконҳои табдили арз дар пайи якбора баланд рафтани қурби доллари ИМА сурат гирифт ва БМТ дар ин кор саррофиҳоро гунаҳкор кард.  

Лентаи хабарҳо
0