Олимон исбот карданд, ки сафедаҳои таркиби растанӣ умри инсонро дароз мекунад

© Sputnik / Фируз УмарзодаСихкабоб. Акс аз бойгонӣ
Сихкабоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи хулосаи олимон истифодаи сафедаҳои таркиби растанӣ ба ҷои сафедаҳои таркиби гушт ба саломатии инсон фоида дошта хатари фавтидан аз касалиҳои дилу рагро то 12% паст мекунад.

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Истеъмоли қисми зиёди сафедаҳои таркиби растанӣ нисбат ба сафедаҳои таркиби ҳайвонот махсусан барои нафароне, ки шаробнушӣ ва тамокукаширо меписанданд, таъсири мусбат дошта, умри инсонро дароз мекунад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба мақолаи олимонн дар маҷаллаи  JAMA Internal Medicine.

"Истифодаи сафедаҳои таркиби растанӣ ба ҷои сафедаҳои таркиби гушти ҳайвонот, махсусан ба ҷои гушти сурхкардашуда ба сломатии инсон фоидаи бештар дорад. Аз ин сабаб тавсияҳои духтурон низ бояд аз гузаштан ба истеъмоли сафедаҳои таркиби растанӣ иборат бошад",-изҳор дошт Минян Сун аз Донишгоҳи Ҳарварди ИМА.

Кор бо планшет. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон зарари солонаи камҳаракатии одамонро ҳисоб кардаанд

Сун ва ҳамкоронаш омори ғизои парҳезӣ ва сатҳи фавти 130 ҳазор шаҳрвандони ИМА-ро дар давоми 32 сол омӯхта ба хулоса омаданд, ки истеъмоли соя ва дигар манбаъҳои сафедаҳо дар қиёс бо гушти оддӣ беҳтар буда, умри инсонро дароз мекунад.

Ҳисоботи олимон нишон медиҳад, ки истифодаи одии гушт то 10% дар ғизо хатари фавтидан аз ҳаргуна бемориҳо то 2% зиёд намуда, таҳдиди вафот кардан аз касалиҳои дил ва рагҳоро то 8% афзоиш медиҳад.

Баръакс истеъмоли сафедаҳои таркиби растанӣ то 3% дар ғизои инсон ба паст шудани фавт аз бемориҳои гуногун то 10% расонида ва аз касалиҳои дилу раг то 12% эъмин медорад.

Таъсири ҳарду намуди сафедаҳо дар гурӯҳи одамоне, ки ба шаробнӯшӣ, тамокукашӣ шуғл доранд ва одамоне, ки  камҳаракатанд бештар зоҳир гардид.

Мувофиқи хулосаи олимон истифодаи сафедаҳои таркиби растанӣ ба ҷои сафедаҳои таркиби гушт ба саломатии инсон фоида дошта умри касро нисбатан дароз мекунад.

Лентаи хабарҳо
0