ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон дар Маскав оиди қоидаҳои кортаъминкунии расмӣ бо забони модариашон иттилоъ дода мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии мақомоти сиёсати иқтисод ва рушди Маскав.
"Бо мақсади пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла вобаста бо пардохти маблағи ичозатномаи корӣ (патент) ҳукумати Маскав шаҳрвандони хориҷаро қабл аз ба Маскав омаданашон бо ин қоидаҳо шинос мекунад. Аз ҷумла, бо намояндагиҳои Тоҷикистону Узбакистон дар бораи паҳн намудани маводҳои иттилоотӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ дар бораи қоидаҳои ба кортаъминшавии расмӣ дар Маскав мувофиқа карда шудааст», — омадааст дар иттилоия.
Чуноне дар хадамоти матбуотӣ хабар доданд, вазири ҳукумати Маскав, роҳбари мақомоти сиёстати иқтисодӣ ва рушди шаҳр Максим Решетников бо коршиносони муҳоҷирати меҳнатӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Сарраёсати ВКД-и Русия дар Маскав машварати корӣ доир намуд.
Дар баробари ин ба масъалаи ҷалби кордиҳандагон барои ба таври расмӣ ба кор қабул кардани муҳоҷирон диққати махсус зоҳир гардид.