300 ҳазор сомонӣ барои медали "тилло" дар Рио

© REUTERS \ Sergio MoraesБанери Бозиҳои олимпӣ дар Рио. Акс аз бойгонӣ
Банери Бозиҳои олимпӣ дар Рио. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайтаи варзишгарони Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ ба Бразилия сафар карданд. Ҳамин тавр маълум гардид, ки ғолибони ин мусобиқаи муҳимтарини солро 300 ҳазор сомонӣ интизор аст.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Варзишгарони тоҷике, ки дар Бозиҳои Олимпии Рио соҳиби медали тилло мешаванд, бо 300 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Бо қурби имрӯза ин-40 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Варзишгароне, ки соҳиби медали нуқра мегарданд, соҳиби 250 ҳазор сомонӣ ва дорандагони медали биринҷӣ бо 200 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Ин мукофотпулӣ дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя начандон зиёд аст.

Маросими супоридани либосҳои олимпии Бразилия-2016 ба варзишграони тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Пӯшидани либосҳои варзишии олимпӣ ва сафар ба Рио

Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон ба бозиҳои тобистонаи Рио 7 варзишгар равон шуданд. Ҳамаи онҳо аллакай барои дарёфти иҷозатнома аз ҷониби сармоягузорон бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Дар бораи ин дабири кулли Кумитаи миллии олимпии ҶТ Баҳрулло Раҷабалиев хабар дод.

Қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл ҳукумати Узбакистон дар бораи мукофотпулии варзишгарони худ, ки дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд, изҳор дошт. Барои медали тилло-200 ҳазор доллар, барои нишони биринҷӣ-100 ҳазор доллар ва барои мақоми сеюм-75 ҳазор доллари амрикоӣ ваъда дода шудааст.

Дар Қазоқистон низ тақрибан ҳамин гуна. Ғолибон-200 ҳазор доллар, дорандагони медали нуқра-150 ҳазор доллар ва гирандагони медалҳои биринҷӣ бо 100 ҳазор доллари амрикоӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Дар Русия гирандагони медали тило соҳиби 4 миллион рубли русӣ шуда, ба дорандагони нишони нуқра-2,5 млн, ба медали биринҷӣ бошад-1,7 млн рубли русӣ дода мешавад.

Ҳукумати Украина  кушоддастӣ нишон додааст. Чемпионҳои олимпиадаи дар пеш истода бо 125 ҳазор доллари амрикоӣ, гирандагони медали нуқра-80 ҳазор ва ба дорандагони медалҳои биринҷӣ-55 ҳазор доллари амрикоӣ тақдим карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0