Пӯшидани либосҳои варзишии олимпӣ ва сафар ба Рио

© SputnikМаросими супоридани либосҳои олимпии Бразилия-2016 ба варзишграони тоҷик
Маросими супоридани либосҳои олимпии Бразилия-2016 ба варзишграони тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои истироҳат варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои Олимпии 2016 ба Бразилия, ки аз 5 август оғоз мегардад, сафар карданд. Қаблан дар толори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ намоиши либоси ягонаи варзишгарон баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бозиҳои тобистонаи Олимпӣ, ки дар РиО-де-Жанейро барпо мегарданд Дилшод Назаров гурзандози машҳури тоҷик мебардорад.

Ёдовар мешавем, аз Тоҷикистон ҳамагӣ ҳафт нафар-гурзандоз Дилшод Назаров, дзюдочиён-Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Комроншоҳи Устопириён, муштзан-Анвар Юнусов, шиноварон-Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов ва даванда Кристина Пронженко иҷозаи иштирок дар бозиҳоро гирифтаанд.

Кулли ҷамъияти варзишии Тоҷикистон ба медали Дилшод Назаров умед доранд. Ӯ айни ҳол дар қуллаи баландтарини фаъолияти варзишиаш қарор дорад.

Муҳимаш он аст, ки варзишгар ба бозиҳои олимпӣ бо омодагии хуби ҷисмонӣ ҳозир шавад. Бозиҳои олимпӣ дар Бразилия дар фаъолияти варзишии Дилшод Назаров чорумин мебошад.

Соли 2004 ӯ дар бозиҳои Олимпии Афина ширкат карда буд. Дар ин бозиҳо ҳамаи кӯшишҳои Дилшод барбод рафта буданд. Вале соли 2008-ум ӯ дар Бозиҳои олимпии тобистона, ки дар Пекин баргузор гардид иштирок карда, тавонист бахши ихтисосиро бо 75,34 м  анҷом диҳад ва дар финал бо нишондоди 76,54 м соҳиби ҷои 9-ум гардад.

Дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон, Дилшод бахши ихтисосиро бо 75,91 м, анҷом дода дар бахши финалӣ гурзро ба масофаи 73.80 м ҳаво дод ва мақоми 10-умро ба даст овард.

1/7
Варзишгарони тоҷик ва кормандони Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни супоридани либосҳои олимпӣ
Лентаи хабарҳо
0