Нижегород табибон ва сохторҳои қудратии Тоҷикистонро бо мошинҳои нав таъмин менамояд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкМошини ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ
Мошини ёрии таъҷилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи созишномаи ба имзорасида, вилоят Тоҷикистонро бо техникаи комунналӣ, автомошинаҳои ёрии таъҷилӣ ва автомобилҳои вижаи сохторҳои қудратӣ таъмин менамояд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Ҳукумати вилояти Нижегород бо Тоҷикистон оиди таъмин намудани кишвар бо автомобилҳои ёрии таъҷилӣ ва мошинҳои махсус барои сохторҳои қудратӣ созишнома ба имзо расонид, иттилоъ медиҳад НИА.

Корхонаҳои вилоят Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ, автомобилҳои вижа барои мақомоти қудратӣ таъмин менамояд, изҳор дошт муовини губернатори вилояти Нижегороди Русия Евгений Люлин.

“ГАЗ”-и Русия ба Тоҷикистон меравад

Дар баробари ин миёни ҷонибҳо дар бобати интиқоли маҳсулоти каҷу картонӣ сзишнома ба имзо расида, то охири моҳи август имзои қарордод дар бораи истифодаи таҷҳизоти гидравликии истеҳсоли вилоят дар корхонаи васлу насби трамвай ва тролеейбусҳо дар Душанбе дар назар аст.

"Дар вазъи муосири иқтисодӣ ба иллати фарқияти қурбӣ саноатчиёни вилоят дар муқоиса бо дигар фармоишҳо, дар содироти маҳсулот бештар фоида ба даст оварда метавонанд. Бахусус ин барои саноати мошинсозии минтақавӣ муҳим аст, ки бо сабаби кам шудани талабот, аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ҳаҷми истеҳсолот дар он қариб 20% коҳиш ёфтаааст", — қайд кардааст муовини губернатор.

Ёдовар мешавем,  ки ҳукумати вилотяи Нижегороди ФР имконоти ҳамкориро бо Тоҷикистон дар доираи сафари ҳайати вилоят таҳти роҳбарии губернатор Валерий Шантсев, ки моҳи июли соли 2016 баргузор гардид, муҳокима карда буд. Дар доираи сафар намояндагони ширкати "ГАЗ" дар намоишгоҳи байналмиллалии "Тоҷикистон-2016" иштирок карданд.

Лентаи хабарҳо
0