“ГАЗ”-и Русия ба Тоҷикистон меравад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкИфтитоҳи намоишгоҳи таърихии мошинҳои ширкати "ГАЗ". Акс аз бойгонӣ
Ифтитоҳи намоишгоҳи таърихии мошинҳои ширкати ГАЗ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони доираҳои тиҷҷории вилояти Нижний Новгород хостори ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва илму техника бо Тоҷикистон шудаанд.

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон бо губернатори вилояти Нижний Новгороди Русия Валерий Шантсев вохӯрӣ анҷом медиҳад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба намяондаи хадамоти матбуотии саврвари давлат.

"Интизор меравад, ки Эмомали Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон бо доираҳои тиҷҷории вилояти Нижний Новгород таҳти роҳбарии Валерий Шантсев вохӯрда дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму техника, иқтисоду тиҷорат ва фарҳангро баррасӣ менамоянд",-гуфт намояндаи хадамоти матбуот.

Дар баробари ин вохӯрӣ бо раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва намояндагони доираҳои тиҷоратии дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар назар аст.

Интизор меравад, ки ҳайати намояндагони Русия ҳамчунин аз вилояти Суғд дидан карда, бо роҳбарияти ин вилоят ва намояндагони соҳаи савдои ин минтақа вохӯрӣ анҷом хоҳанд дод.

Истеҳсолоти АвтоВАЗ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“АвтоВАЗ” мехоҳад тариқи Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид шавад

Дар доираи вохӯрӣ роҳбарияти бахши саноатии вилояти Нижний Новгород-ширкати "ГАЗ" дар Намоишгоҳи байналмиллалии "Тоҷиикстон-2016", иштирок карда, дӯстдорони мошинҳои замонавӣ имкон пайдо мекунанд то бо ихтирооти ҷадиди ин корхона за наздик шинос шаванд. Ширкати русӣ ҳамчунин дар намоишгоҳ намуди мошинҳои ёрии таъҷилӣ, мошини пулис ва дигар намуди автомобилҳоро ба намоиш хоҳад гузошт.

Заводи автомобилии  "ГАЗ" (Горьковский автомобильный завод )-ширкати бузурги Русия аст, ки ба истеҳсоли мошинҳои сабук, микроавтобусҳо ва техникаи низомӣ машғул мебошад.

Лентаи хабарҳо
0