Коршинос: ВАО дарди муҳоҷиронро "амиқтар" мекунанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкХадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ. Акс аз бойгонӣ
Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршинос оид ба муҳоҷират Юрий Московский итминон дорад, ки ба хотири зиёд кардани шумораи хонандагон, ВАО мавзӯъи занозанӣ бо иштироки муҳоҷиронро беш аз пеш муҳокима ва паҳн менамоянд сарфи назар аз он, ки вақтҳои охир шумораи чунин муноқишаҳо кам шудааст.

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. ВАО-и Русия бо пахши нодурусти масъалаи муҳоҷират вазъиятро тангтар мекунанд, изҳор дошт Юрий Московский директори хазинаи рушди ҳамкориҳои байналмиллии "Добрососедство" зимни мусоҳиба бо Sputnik.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар маҳаллаи сохтмонии Курдоваи Петербург занозании оммавӣ миёни муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва зодагони Доғистон ба вуқӯъ пайваст. Дар муноқиша 50 нафар иштирок доштанд. Ин ҳодисаи сеюми занозании оммавӣ бо иштироки муҳоҷирон мебошад.

Коршинос оид ба масъалаҳои муҳоҷират мӯътақид аст, ки шумораи муноқишаҳо зиёд нашудааст-ВАО ба пахши ҳарчи бештари чунин вазъиятҳо диққат медиҳад. Нишондоди муноқишаи оммавӣ бошад аз 300 нафар ба 30-50 нафар фаромадааст.

Муноқишаи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Курдоваи Петербург

Ба қавли ӯ занозании оммавӣ миёни муҳоҷирон танҳо дар сурате ба вуқӯъ мепайвандад, ки шоҳидони ҳодиса занозаниро ба навор мегиранд ва рӯзноманигорон бошанд дар ҷустуҷӯи навиштани мақола бо сарлавҳаи диққатҷалбкунанда ҳастанд. Омори воқеъӣ ба касе даркор нест.

"Омор на аз ду-се ҳодиса ташкил мешавад, лозим аст, ки ҳодиса бо вазиъти ҳамингунаи соли гузашта муқоиса карда шавад. ВАО чунин ҳодисаҳоро аз шабакаҳои иҷтимоии интернет меёбанд. Муноқиша доиман буд, вале вақтҳои пеш ба чунин ҳодисаҳо диққати зиёд дода намешуд",-қайд кард Московский.

Ба гуфти коршинос мувофиқи стандартҳои солҳои гузашта ҳатто занозанӣ дар қабристони Хованскоеро муноқишаи оммавӣ гуфтан хато аст: "даҳсолаҳои пеш муноқишаи оммавӣ ин ҳодисае буд, ки дар он аз 300 то 500 нафар иштирок дошта бошад".  Дар бораи чунин ҳодисаҳо бояд навишта шавад, вале ВАО барои он лозим аст, ки "нуқтаҳои дарднокро нишон диҳад, на инки дардро амиқтар созад".

"Дар гӯристони Хованское муноқиша бархост, ин хуб нест, мушкилот дар ҳақиқат ҷой дорад, вале миқёси он чандин маротиба васеъ карда шуд-бовар дорад Юрий Московский. Низоми Русия дар ҳақиқат кор мекунад. Дар қиёс бо шаш даҳ соли охир муноқишаҳо кам шудаанд".

Московский даъват намуд, ки бо маълумоти интернет бояд эҳтиёткорона муносибат кард: "Воқеъияти вертуалӣ баъди чанде метавонад ба зиндагии реалӣ бадал шавад".

Аксуламал бояд чи гуна бошад

Сабаби аксари рух додани чунин ҳодисаҳо бо муҳоҷирон надонистани ҳуқуи худ ва таср аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Ба қавли Московский маҳз мақомоти ҳивзи ҳуқуқ бояд вазъиятро зери назорати худ бигиранд.

"Ҳодисаи Хованское муайян шуд-маълум ки мехостанд базӯрӣ маблағи муҳоҷирони меҳнатиро бигиранд, ин бошад-дар кодекси ҷиноӣ моддаи махсуси худро дорад. Масъалаи дигар ин ки муҳоҷирон бояд худро бо дигар роҳ муҳофизат мекарданд. Дар навбати аввал ин кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст, ки бояд вайронкунандагони қонунҳои Федератсияи Русияро ҷазо диҳанд",-гуфт коршинос.

Дар баробаари ин Московский қайд намуд, мардуми оддӣ бояд аз муроҷиат ба мақомоти пулис натарсанд, чунин раванд масъалаҳои зиёдеро метавонад ҳал намояд. Вале вазъиятро қонунӣ набудани кору фаъолияти аксари муҳоҷирон дар қаламрави Русия вазнинтар мегардонад.

Лентаи хабарҳо
0