Ҳамааш бефоида: талафоти беҳудаи солонаи об дар Тоҷикистон маълум гардид

© Sputnik / Иосиф БудневичҚубури обгузар, Акс аз бойгонӣ
Қубури обгузар, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъд аз он ки ҳукумати Узбакистон шабакаи барқии ягонаи Осиёи Марказиро маҳкам кард, Тоҷикистон наметавонад микдори калони неруи баркро интиқол диҳад.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Аз сабаби  сарф шудани беҳудаи об ҳамасола  дар  Тоҷикистон  якчанд миллиард киловат-соат нерӯи барқ аз даст меравад, иттилоъ медиҳад вазири энергетика ва захирахои оби кишвар Усмонали Усмонзода.

"Қариб 4 миллиард киловат соат қувваи барқ аз сабаби сарфи беҳудаи об дар  агрегатҳои  НБО-и калони кишвар, имсол дар Точикистон коркард намешавад»- иброз намуд Усмонзода.

Нерӯгоҳи Барқӣ.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
CASA-1000 барои Тоҷикистону Қирғизистон аҳамияти хоса дорад

Ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон аз вақте, ки Узбакистон низоми ягонаи интиқоли барқро маҳкам кардааст, наметавонад ба дигар мамлакатҳо нерӯи барқ интиқол диҳад. Ба ҳисоби миёна истеҳсоли солонаи барқ дар Тоҷикистон  16,5 млд. киловат-соатро ташкил медихад. Норасоии барқ дар зимистон аз 2,5 миллиард киловат- соат зиёд мебошад.

"То соли 2009 Тоҷикистон ба воситаи ин шабакаҳо ба кишвархои хамсоя  дар фасли тобистон қувваи барқ нитиқол дода, зимистон бошад ба воситаи хамин шабака қувваи барқ мегирифт. Баъд аз баромадан, кишвар маҷбур буд, ки низоми дохилии энергетикии худро тақвият бахшад, аммо  имконияти содироти калон фақат соли 2011, баъд аз ба истифода додани  Сангтуда-пули Хумри (Авгонистон)  пайдо шуд",- гуфт вазир.

Усмонзода қайд кард, ки  амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки моҳи май оғоз гардидааст, барои ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дорад. Вазир ҳамчунин изҳор дошт, ки лоиҳа имконияти зиёд намудани содироти қувваи барқро фароҳам оварда, талафоти беҳудаи обро аз байн мебарад.

Сохмони НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: агрегати 1-уми Роғун на қабл аз соли 2022 сохта мешавад

Лоиҳаи CASA-1000 (Central Asia — South Asia) тавлиди қувваи барқро дар Қиғгизистону Тоҷикистон пешбинӣ намуда, нақли онро ба Афғонистон ва Покистон амалӣ менамояд. Бино бар ақидаи таҳиягарон  CASA-1000, на танҳо имконияти истифодаи пурраи қувваи обии Осиёи Марказӣ ва таъмин намудани нерӯи барқи арзонро фароҳам меоварад, балки дар минтақа ҳамгироии иқтисодӣ ва суботи сиёсиро таъмин менамояд.

Баъд аз ба итмом расидани лоиҳа, қувваи барқ ба воситаи хатҳои баландшиддат аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба дарозии 477 километр ва аз Тоҷикистон ба Афғонистон  ва Покистон- 750 км. интиқол дода мешавад.

Лоиҳаро Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки исломӣ,  Агентии рушди байналмиллалии ИМА (USAID), Вазорати ҳамкории байналмиллалии Британияи Кабир (DFID), Агентии рушди байналмиллалии Австралия (AusAID) дастгирӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0