Натиҷаҳои ниҳоии интихобот аз сӯи КМИРТ эълон шуд

© Sputnik / Амир ИсаевИнтихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи панҷшанбеи 12 март Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумониро эълон кард. Тағйироти ҷиддие дар натиҷаҳои ниҳоӣ нисбат ба натиҷаҳои муқаддамотӣ дида намешавад.

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 12 март натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии 1-уми мартро эълон кард, менависад "Радиои Озодӣ".

Абдуманнон Додозода, раҳбари дастгоҳи КМИРТ дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, ки бар асоси натиҷаҳои ниҳоӣ аз ҳавзаи умумиҷумҳурӣ ҲХДТ 65,4 дарсад, ҲАТ 11,7 дарсад, ҲИИТ 7,5 дарсад ва ҲСТ 5,5% дарсади раъйи интихобкункандагонро ба даст овардаанд.

КМИР Тоҷикистон: беш аз 82% интихобкунандагон раъй доданд

Аммо ба гуфтаи Додозода, ҲНИТ, ҲКТ, ҲДТ ва ҲСТД аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ҳадди панҷ дарсадаро ба даст наовардаанд. Ба таъкиди вай, ҲНИТ 1,6 дарсад, ҲКТ 2,2 дарсад, ҲДТ 1,7 дарсад ва ҲСДТ 0.5 дар сад раъй гирифтанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки бар асоси натиҷаҳои пешакии интихобот, ки рӯзи 2 март аз сӯи КМИРТ эълон шуд, ҲХДТ 65,2 дарсад, ҲАТ 11,7 дарсад, ҲИИТ 7,6 дарсад, ҲСТ 5,5 дарсад раъйи интихобкунундагонро ба даст оварда буданд. Аммо ҲНИТ 1,5%, ҲКТ 2,3%, ҲДТ 1,7% ва ҲСДТ 0,5% соҳиби раъйи интихобкунандагон шуда буданд.

Бар асоси натиҷагирии ҳавзаҳои якмандатӣ, аз 41 ҳавза 35 номзад аз ҲХДТ, 2 нафар аз Ҳизби аграрӣ, 2 нафар аз Ҳизби комунист, 1 нафар аз Ҳизби демократ ва 1 нафар аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ пирӯз шуданд. Дар ҳамин ҳол нахустин ҷаласаи ҳайати нави Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумон дар таърихи 17 март бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0