Гранти мири Хуҷанд барои дастгирии ҳунарҳои мардумӣ

© Sputnik / Амир ИсаевАсбобоҳои мусиқии тоҷикӣ. Акс аз бойгонӣ
Асбобоҳои мусиқии тоҷикӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар арафаи 25-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ дар асоси озмун нафаронеро, ки ба ҳунарҳои мардумӣ шуғл доранд, 15 мукофот интизор аст.

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Мири шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дар бораи ҷудо намудани грант барои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2016-ро қабул намуд.

Эълон ва таъсиси бурсияҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо мақсади дастгирии намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ  аз қабили: қолибофӣ, истеҳсоли адрасу атлас, дӯзандагӣ ва дигарҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар умум аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  15 бурсия таъсис дода шудааст. Ҳаҷми умумии грантҳо 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи мукофот ба се башх тақсим мегардад: 5, 3 ва 2 ҳазор сомонӣ.

Грантҳо дар асоси озмун ба ғолибон дода мешаванд. Интизор меравад, ки супоридани грантҳо ба ғолибон дар арафаи ҷашни 25-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ сурат хоҳад гирифт.

 

Лентаи хабарҳо
0