https://sputnik.tj/20150626/1015835653.html
Муҳоҷирон таҳти назорати Рособрнадзор имтиҳон месупоранд
Муҳоҷирон таҳти назорати Рособрнадзор имтиҳон месупоранд
Sputnik Тоҷикистон
Имтиҳонҳое, ки дар бархе аз манотиқи Русия барои муҳоҷирон сурат мегиранд бо сабаби вуҷуд надоштани пойгоҳи устувори методӣ машкук ба назар мерасанд, илова ба... 26.06.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-06-26T11:00+0500
2015-06-26T11:00+0500
2021-04-12T19:23+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101583/35/1015833573_0:165:3055:1883_1920x0_80_0_0_76e560cd1bd4b61c0e4ce1a6b9a86de0.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101583/35/1015833573_162:0:2893:2048_1920x0_80_0_0_a9d84f2caa89705190b9e2b154185941.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, муҳоҷират, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, анжела должикова, ддхр (рудн), рособрнадзор, тестсупории муҳоҷирин, имтиҳон барои муҳоҷирон, дар русия
маориф, муҳоҷират, дар ҷаҳон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, анжела должикова, ддхр (рудн), рособрнадзор, тестсупории муҳоҷирин, имтиҳон барои муҳоҷирон, дар русия
Муҳоҷирон таҳти назорати Рособрнадзор имтиҳон месупоранд
11:00 26.06.2015 (Навсозишуда: 19:23 12.04.2021) Имтиҳонҳое, ки дар бархе аз манотиқи Русия барои муҳоҷирон сурат мегиранд бо сабаби вуҷуд надоштани пойгоҳи устувори методӣ машкук ба назар мерасанд, илова ба ин, коршиносон мегӯянд, ҷараёни тесту имтиҳонсупорӣ бояд таҳти назорати як мақоми воҳид бошад.
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Аз ин ба баъд назорати раванди имтиҳонсупории муҳоҷирон ба зиммаи Рособрнадзор вогузор мешавад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба ноиб-раиси ДДХР (РУДН) Анжела Должикова.
Ҳоло ҷараёни супоридани имтиҳону тестҳои марбутаи муҳоҷиринро созмонҳои ҷамъиятӣ назорат менамоянд. Дар робита ба ин ХФМ Русия тарҳи қонунеро, ки дар бахши супоридани имтиҳоноти муҳоҷирон ва ташкили он тағйирот ворид хоҳад кард, омода сохтааст.
Номгӯи саволҳои имтиҳонотиро аз таърих, ҳуқуқ ва забони русӣ барои муҳоҷирони корие, ки мехоҳанд иҷозаи корро пайдо намоянд, аз ин ҷо дастрас карда метавонед>>
Ба қавли Должикова, тарҳи қонун ворид кардани ислоҳотро дар назар дошта, сатҳу сифати баргузории имтиҳонотро боло мебарад. Ноиб раиси ДДХР мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар 10 минтақаи Русия мақомоти маҳаллӣ бо шеваҳои мухталиф аз муҳоҷирин имтиҳон мегиранд ва ин мушкилоти зиёдеро пеш овардааст. Қарор аст, гирифтани тесту имтиҳонҳо марказонида шаванд ва назорати умумиро Рособрнадзор ба зимма гирад.
Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо супоридани тесту имтиҳонҳо дар мавриди донистани забони русӣ, ҳуқуқ ва таърих имконпазир аст>>