Сокинони Душанбешаҳр ва шаҳри Ваҳдат бо ҷурми ғоратгарӣ дастгир шуданд

© Sputnik / Рамиль СитдиковБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни гузаронидани корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормнадони ҳифзи ҳуқуқ ду ҷавон сокинонии шаҳри Душанбе ва Ваҳдат бо ҷурми даст доштан ба ғоратгарӣ дастгир шуданд.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Хадамоти матбуоти вазорати корҳои дохилии ҶТ аз боздошт шудани гумонбаршудагон бо иттиҳоми даст доштан дар ғоратгарӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

"Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 31 май ба 1-уми июни соли равон, ҳангоми аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанаш, аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе шахсони номаълум бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр ба воситаи автомашинаи тамғаи "Ренҷровер" аз қафои автомашинаи тамғаи "Тайота-Прадо"- и рафиқаш онҳоро  думболагирӣ намудаанд",-омадааст дар иттилоия.

Донишҷӯёни тоҷик Донишгоҳи ВКД-и Маскавро хатм намуданд

Дар давоми шарҳи ҳодиса  гуфта мешавад, ки дар назди тарабхонаи "Шаҳрисабз", воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе онҳоро боздошт намуда, бо истифодаи корд таҳдид карда, бо роҳи зӯроварӣ аз онҳо 600-доллари амрикоӣ ва 2-адад телефони мобилии тамғаи "Айфон-6"-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд», — омадааст дар хабарнома.

Бино ба иттилои манбаъ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ин амали ҷинояткорона ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе дастгир карда шудаанд.

Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0