ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ҳукумати Узбакистон провайдерҳои интернетиро ӯҳдадор мекунад, то маълумот дар бораи истифодабарандагонро то се моҳ нигоҳ доранд, иттилоъ дод вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионии ҷумҳурӣ.
Лоиҳаи қонуни нави қоидаҳои хизматрасонии интернетӣ ва нигоҳ доштани маълумоти истифодабарандагон дар портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба баррасии оммавӣ пешниҳод шудааст. Гуфта мешавад, ки баррасии оммавии лоиҳаи қонун то аввали моҳи август анҷом ёфта то охири моҳ ба вазорати адлия пешниҳод карда хоҳад шуд.
Лоиҳаи қонун аз ҷумла ба ҷорӣ намудани қоидаҳо оиди дасттрасии муштариён ба шабакаи тинтернетӣ тариқи ворид намудани маълумоти шиноснома ва рақами телефон ва нигоҳ доштани ин маълумот дар муддати се моҳ аз тарафи интернет правайдерҳоро дар назар дорад.
Қаблан вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Узбакистон қарор дар бораи ташкил намудани суроғаи ягонаи фазои интернетӣ (IP-суроға) —ро ба барасии оммавӣ пешниҳод намуда буд. Дар охирҳои моҳи июл ҳуҷҷати мазкур ба вазорати адлия пешниҳод карда мешавад.