Эҳтимоли таъсиси сохтори байналмилалӣ барои назорати Интернет

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкИстифодабарандаи шабакаи интернетӣ. Акс аз бойгонӣ
Истифодабарандаи шабакаи интернетӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарор аст Вазорати тиҷорати ИМА то охири тирамоҳи соли равон ё ин тарҳоро тасдиқ кунд ва ё лоиҳаи худро омода ва пешниҳод намояд.

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik.  Аъзои ICANN (Internet Corporation for Assigned Names and Numbers)- яксозмони ғайритиҷоратии амрикоӣ, ки ба тақсими ному доменҳо дар Интернет аз замони ташкил шудани он машғуланд, ба қароре омаданд, ки идораи онро ба зиммаи як сохтори байналмилалӣ супоранд.

Ахиран дар Марокаш нишасти коршиносони соҳа баргузор шуд ва аъзои Созмони тақсими Интернет (ICANN) тарҳи интиқоли тадриҷии вазифаҳои техникии идораи шабакаи ҷаҳонии Интернетро ба гуруҳи байналмилалие таҳия кардаанд, ки ба ҳайати он намояндагони созмонҳои зирабт шомил мешаванд.

Ҳукумат шикоёти муштариёнро тавассути интернет қабул мекунад

Гуфта мешавад, ин тарҳро бояд вазорати тиҷорати ИМА тасдиқ кунад. Аслан ин яке аз барномаҳои президенти ИМА Барак Обама буд ва онро чандин ширкатҳои технологӣ, аз ҷумла Google, Facebook ва Verizon дастгирӣ намуданд.

Ташкилоти ICANN соли 1998 дар ИМА бунёд шуда буд, зеро Интернет аввалин маротиба маҳз дар Амрико шакл гирифт ва имрӯз низ Амрико як кишвари дар олам пешрафтаи комёбиҳои интернетӣ маҳсуб мешавад.

Шабакаи ҷаҳонии Интернет бошад соли 1969 дар ИМА таъсис ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0