Белорус хостори харидории гази Тоҷикистон шуд

© Sputnik / Георгий ГранинЛӯлаи газ. Акс аз бойгонӣ
Лӯлаи газ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъди он, ки дар доираи ИИАО бозори ягонаи газ таъсис дода шавад, Белорус омода аст сӯзишвориро аз Тоҷикистон ва Узбакистон харидорӣ намояд.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Белорус омода аст гази Узбакистон ва Тоҷикистонро харидорӣ намояд, ин раванд дар сурати ташкили бозори ягона дар доираи ИИАО даст хоҳад дод, гуфт зимни суханронӣ дар конфронс дар Минск директори генералии "Белтопгаз" Леонид Рудинский.

"Мо омодаем, гази табииро аз Узбакистон ва Тоҷикистон харидорӣ намоем, зеро дар ин кишварҳо нархи он нисбатан арзонтар аст. Ва агар бозори яона ташкил шавад-харидорӣ кардан мушкил нахоҳад шуд",-менависад Sputnik Белорус аз суханони Рудинский.

Тракторҳои Белорус дар намоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Белорус бо маҳсулоти худ бозори Тоҷикистонро пур мекунад

Ба гуфти ӯ айни замон Гаспром танҳо 30-40 фоизи газеро, ки тавассути қубури газбарор, истеҳсол мекунад. Истеҳсолкунандагони мустақил дар баробари холдинги Русия дар қаламрави кишварҳои ИДМ зиёд аст.

"Газро аз дигар истеҳсолкунандагон харидорӣ намуда, барои худамон истифода мебарем",-илова намуд Рудинский.

Бояд ёдовар шуд, ки то ҳол Тоҷикистон ва Узбакистон ба Иттиҳоди Иқтисоди Авруосиё напайвастаанд. Вале ҳукумати Тоҷикистон аллкай ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро омода намудааст.

Коршиносони Sputnik Тоҷикистон бовар доранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ҳамин сол ба ИИАО ворид мешавад.

Лентаи хабарҳо
0