Президенти Туркия дар кишвар вазъияти фавқулода эълон кард

© REUTERS \ Tumay BerkinКормандони пулиси Анқара. Акс аз бойгонӣ
Кормандони пулиси Анқара. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо мақсади таъмини амният ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ ба муддати 3 моҳ вазъияти фавқулода эълон гардид.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи вазъияти фавқулода дар қаламрави кишвар эълон дошт.

"Дар бастагӣ бо кушиши табадуллоти ҳарбӣ дар Туркия мувофиқи моддаи 120-уми сарқонуни кишвар бо мақсади таъмимни амният ва андешидени тадбирҳои зарурӣ барои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ ба муддати 3 моҳ вазъияти фавқуллода эълон мешавад",-изҳор дошт Эрдуғон дар ҷалсаи ҳукуматӣ.

Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эрдуғон гуфт агар каме дертар мебаромад, кушта мешуд...

Шоми рӯзи ҷумъа мақомоти Туркия дар бораи табаддулоти ҳарбӣ эълон дошт. Дар навбати худ ҳарбиён  дар бораи ба даст гирифтани ҳукумати кишвар хабар дода буданд. Субҳи рӯзи шанбе ҳарбиён таслим шуданд. Ҳукумати Туркия эълон намуд, ки кушиши табаддулоти ҳарбӣ дар кишвар пахш карда шуд.

Мувофиқи маълумот дар пайи табадуллоти ҳарбӣ 190 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 100 нафар мухолифин кушта шуданд ва 1,5 ҳазор нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Шумораи нафарони боздоштшуда ба 7,5 ҳазор нафар расида, амалиёти вижа оиди дастгирии мухолифин идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0