Эрдуғон гуфт агар каме дертар мебаромад, кушта мешуд...

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкТайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ
Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Туркия Тайиб Эрдуғон нақл кард, ки чи гуна тавонист дар рӯзи табаддулоти ҳарбӣ зинда монад. Ба гуфти ӯ агар 10-15 дақиқаи дигар аз меҳмонхона дертар мебаромад мумкин аллакай кушат шуда буд.

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тайиб Эрдуғон президенти Туркия бовар дорад, ки агар 10-15 дақиқаи дигар зимнитабаддулоти ҳарбӣ дар меҳмонхонаи шаҳри Мармарис мемонд, мумкин аллакай кушта шуда буд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба CNN.

"Дар Мармарис амалиёти ҳарбӣ,зидди ман омода мешуд. Ду посбонони маро ба ҳалокат расониданд. Агар ман 10-15 дақиқаи дигар аз меҳмонхона дертар мебаромадам, онҳо ё маро мекуштанд ё ки гаравгон мегирифтанд",-изҳор дошт роҳбари Туркия ба шабакаи телевизионӣ.

Пулиси Анқара. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бо фармони Эрдуғон осмони Туркияро ҳавопаймоҳои ҳарбӣ посбонӣ мекунанд

Ӯ ҳамчунин нақл кард, ки ҳамроҳи аҳли оилааш дар Мармарис барои истироҳат қарор дошт. "Рӯзи 15 июл ман дар Мармарис будам, мо панҷ рӯзи истироҳатӣ доштем. Тақрибан соати даҳи шаб хабар доданд, ки дар Анқара, Истамбул ва дигар минтақаҳои мамлакат ҳаракати ноҷур шурӯъ шудааст… Мо қарор додем, ки меҳмонхонаро тарк кунем",-нақл кард Эрдуғон. Сипас ӯ нақлашро давом дода гуфт, ки маҷбур шуд то бо мардумаш тариқи алоқаи видеоӣ сӯҳбат карда онҳоро даъват кунад то ба кучаҳо бароянд.

Шоми рӯзи ҷумъа мақомоти Туркия дар бораи табаддулоти ҳарбӣ эълон дошт. Дар навбати худ ҳарбиён  дар бораи ба даст гирифтани ҳукумати кишвар хабар дода буданд. Субҳи рӯзи шанбе ҳарбиён таслим шуданд. Ҳукумати Туркия эълон намуд, ки кушиши табаддулоти ҳарбӣ дар кишвар пахш карда шуд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия аллакай зиёда аз 6 ҳазор нафарро дар бастагӣ бо табаддулоти ҳарбӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Туркия дар пайи табаддулоти ҳарбӣ дар кишвар зиёда аз 290 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳукумати Туркия дар ташкили табаддулоти давлатӣ роҳбари гурӯҳи мухолифин Фатхуллоҳ Гуленро, ки дар ИМА ба сар мебарад, айбдор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0