Россотрудничества барои донишҷӯёни Тоҷикистон 342 квота ҷудо намудааст

© SputnikДонишҷӯёни тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Донишҷӯёни тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои гирифтани таҳсилоти олӣ ба Русия меоянд сол то сол зиёд мешавад, вале ҷойҳои буҷавӣ тағйир намеёбад. Барои Тоҷикистон имсол 342 ҷои буҷавӣ ҷудо шудааст.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Соли 2016 шумораи донишҷӯёни хориҷӣ, ки хоҳиши таҳсил дар Русияро доранд ба 230 ҳазор хоҳад расид, хабар медиҳад РИА Новости аз мусоҳибаи роҳбари Россотрудничества Любов Глебова бо нашриёти "Известия".

Глебова: Русия 15 ҳазор хориҷиро барои таҳсили ройгон даъват мекунад

"Мо ин равандро чандин солҳо мушоҳида кардем. Шаҳрвандони хориҷӣ натанҳо тариқи квотаҳо балки худашон омада дар Русия дар гурӯҳҳои шартномавӣ ҳуҷҷат супорида таҳсил мекунанд. Шумораи квотаҳо тағйир наёфтааст. Чун ҳамасола барои шаҳрвандони хориҷӣ 15 ҳазор квота ҷудо шудааст, вале шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ба187 ҳазор мерасад. Ҳамасола ин шумора дар афзоиш аст ва имсол мувофиқи пешгӯиҳо  шумораи довталбони хориҷӣ ба 230 ҳазор нафар мерасад",-иттилоъ дод Глебова.

Чунин раванд бо дарназардоштани низоми соддаи ҳуҷҷатсупорӣ вобаста аст, қайд менамояд Глебова.

Ба гуфти ӯ солҳои пеш барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия донишҷӯ бояд ҳуҷҷатҳои худро ба комиссияи қабул месупурд, вале акнун онҳо имкон доранд ин амлиётро тариқи интернет ба таври электронӣ дар портали Россотрудничества анҷом диҳанд.

"Шумораи квотаҳо барои кишварҳои Африқо наонқадар зиёд аст. Ҳамин тавр барои Тунис 10 ҷои буҷавӣ, шумораи хоҳишмандон бошад 2 ҳазор нафар. Аз Гаити танҳо 3 нафар метавонанд тариқи квота дар Русия таҳсил намоянд, хоҳишмандон бошад 1248 нафар ҳастанд. Чун анъана аз ҳама хоҳишмандони зиёд аз Тоҷикистон ва Узбакистон мебошанд. Барои Тоҷикистон 342 квота ҷудо шуда,  5702 нафар хоҳиши таҳсил дар Русияро доранд. Ба Узбакистон 150 квота, вале беш аз 4 ҳазор нафар мехоҳанд ба макотиби олии Русия дохил шаванд",-илова кард Глебова.

Вазири вазорати маориф ва илми Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Донишгоҳҳои ФР барои Тоҷикистон табибон ва муҳандисонро омода менамояд

Дар баробари ин роҳбари дастгоҳ қайд намуд, ки шумораи зиёдтарини квотаҳо ба Ветнам — 855, Чин — 830 ва Украина — 600 ҷудо шудааст.

"Сурия низ ба мутахассисони соҳаҳои гуногун аз ҷумла иқтисод, маориф, фарҳанг ва ғайраҳо ниёз дорад. Ҳафтаи гузашта ҳайати Россотрудничества  дар якҷоягӣ бо намояндагони МГУ довталабонро аз ин кишвар интихоб намуданд.  Имсол барои Сурия 278 ҷои буҷавӣ ҷудо шуда, хоҳишмандони гирифтани маълумоти олӣ 10 маротиба зиёд аст",-изҳор дошт Любов Глебова.

Лентаи хабарҳо
0