Мубориза барои НБО Роғун идома меёбад. Дар Сочи.

© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкСохтмони нақби НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ
Сохтмони нақби НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 21 июл профессор Марат Зоҳидов дар Сочи дар конфронси байналмиллалӣ бахшида ба хатарҳои ҳолатҳои фавқуллода ва техногенӣ бо гузориши худ дар бораи таҳдиди Роғун баромад хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Олим муқобили сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун буда бовар дорад, ки сохмони нерӯгоҳ ба Узбакистон ва Тоҷикистон зарари ҷуброннопазир дорад.

Назари худро дар бораи хатари ин нерӯгоҳ олим дар конфронси илмӣ, ки дар шаҳри Сочи баргузор мегардад, пешниҳод хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар бораи номае, ки ВКХ Узбакистон ба ҳукумати Тоҷикистон равон намудааст, маълум гардид.

Посухи Тошканд: ҳеч гоҳ “Роғун”-ро дастгирӣ намекунем

Сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар номаи худ ба нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  аз ҷумла гуфтаст, ки як қатор пажӯҳишҳо дар макони сохтмон аз ҷумла таҳқиқот таҳти раёсати Бонки Ҷаҳонӣ хатари Роғунро ба минтақаи Осиёи Марказӣ исбот кард.

Қабалан хабар дода шуд, ки Salini Impregilo S.p.A.,-ширкати итолиёвӣ, ки дар озмуни тандери сохтмони Роғун ғолиб омада буд нақша дорад,  ду агрегати аввалини нерӯгоҳро соли 2018 ба кор омода намояд.

Узбакистон аз мухолифони ашадии сохтмони неругоҳи Роғун дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0