Зиндагии Туркманистон аз сентябр бо сарқонуни ҷадид ҷараён мегирад

© Sputnik / Александр Юрьев / Гузариш ба медиабонкАшқобод. Акс аз бойгонӣ
Ашқобод. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лоиҳаи қонуни асосии кишвар мӯҳлати президенти кунуниро то ҳафт сол боло бурда, ҳамчунин синну соли номзад ба президентиро кам мекунад.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik.  Маросими қабули Сарқонуни Туркманистон  дар Ашқобод рӯзи 14 сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад РИА Новсоти бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ.

Маросими қабул дар ҷаласаи Шӯрои бузургони кишвар-мақомотҳои баландпояи давлатӣ таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ доир мегардад.

Қарор дар бораи баргузории ҷаласаи Шӯрои бузургон ва рӯзи қабули лоиҳаи ҷадиди сарқонун (14 сентябр) аз ҷониби президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзо гардид.

Дар Туркманистон низ Конститутсия ислоҳ мешавад

Дар кори Шӯрои бузургон, дар баробари ҳайати бузургони ҳама минтақаҳои мамлакат, ҳамчунин ҳайати роҳбарикунанда ва вакилони маҷлиси Туркманистон низ иштирок мекунанд. Маҳз  вакилони парлумон бояд дар рафти ҷаласаи Шӯрои бузургон барои қабули сарқонун овоз диҳанд.

Қонуни асосии ҷорӣ соли 2008 дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ бо ташаббуси президенти кишвар қабул гардида буд. Моҳи майи соли 2014 ҳамчунин аз ҷониби  раиси ҷумҳурӣ қарор дар барои ташкили комиссияи конститутсионӣ оид ба комил гардонидани сарқонун ва вориди тағйиру иловаҳо имзо гардид.

Моҳи феврали соли 2016 лоиҳаи нави Қонуни асосӣ барои баррасии омма аз чоп бароварда шуд.

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи лоиҳаи нави сарқонун аз байн бурдани мӯҳлати синнусолӣ барои номзад ба президентӣ  ва зиёд намудани мӯҳлати як даври президентӣ аз 5 то 7 сол дониста мешавад.

Лентаи хабарҳо
0