Ба пеш: "Ural Airlines" муборизаро барои иҷозаи парвоз идома медиҳад

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкНамояндагони ширкати ҳавопаймоии Ural Airlines
Намояндагони ширкати ҳавопаймоии  Ural Airlines - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарияти ширати ҳавопаймоӣ нақша дорад дархости худро барои анҷоми парвозҳо аз фурӯдгоҳи Жуковский ба баррасии дигар комиссия гузорад.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. "Уральские авиалинии" қарор доданд, ки баъди рад намудани иҷозаи павроз аз фурӯдгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон ва Қирғизистон аз сари нав дархост пешниҳод кунанд.

"Роҳбарияти ширати ҳавопаймоӣ нақша дорад дархости парвозҳоро аз фурӯдгоҳи Жуковский ба баррасии дигар комиссияи навбатӣ гузорад",-иттлоъ доданд ба Sputnik аз хадамоти матбуотии ширкат.

Роҳабарияти ширкат аз шарҳи иҷоза надодани вазорати нақлиёти Русия худдорӣ карданд.

Ҳавопаймоҳои кадом ширкатҳо аз Тоҷикистон ба Русия парвоз мекунанд

Ширкати ҳавопаймоии Ural Airlines нақша дошт аз фурӯдгоҳи Жуковский барои парвоз ба чор самт  Ош ва Бишкек (Қирғизистон), ҳамчунин ба Душанбе ва Хуҷанд (Тоҷикистон), ҳафтае ҳафт маротиба парвози мунтазам анҷом диҳад.

Ба гуфти собиқ муовини авиатсияи шаҳрвандии ИҶШС, президенти Бунёди "Партнер гражданской авиации" Олег Смирнов эҳтимолан сабаби иҷоза надодан набудани шартнома миёни кишварҳо аст.

"Ҳамагуна парвозҳои байни ду кишвар тариқи созишномаҳои байниҳукуматӣ бояд танзим карда шавад. Дар айни ҳол сухан дар бораи созишнома миёни Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон меравад. Агар ҷониби Русия талаби кушодани хатсайрҳо ба шаҳрҳои ҶТ-ро дошта бошад пас ӯҳдадор мешавад, ки ба ширкатҳои тоҷик низ имконияти зиёд кардани хатсайрҳо ба шаҳрҳои Русияро диҳад",-шарҳ дод ӯ.

Дар баробари ин ӯ изҳори умедворӣ кард, ки дар ҷаласаи навбатии комиссия ширкати бонуфузи "Уральские авиалинии" соҳиби иҷозатномаи парвоз  ба кишварҳои Осиёи Марказӣ  хоҳад шуд.

Дар баробари ин Смирнов қайд менамояд, ки набояд рақобати байни ширкатҳо фаромуш шавад. Эҳтимолан айни замон имкониятҳои рақибон дар самтҳои зикршуда пурратар бошад.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати Комиссияи байниидоравии Вазорати нақлиёти Русия ба ширкати ҳавонавардии "Уральские авиалинии" иҷозаи анҷоми парвозҳои мунтаззам аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистону Қирғизистонро надодааст.

Лентаи хабарҳо
0