Сиёсатшинос: Тоҷикистон ҳамин сол ба ИИ АвруОсиё мепайвандад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкҶаласаи байнидавлатии Иттиҳоид Авруосиё. Акс аз бойгонӣ
Ҷаласаи байнидавлатии Иттиҳоид Авруосиё. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Евсеев сиёсатшиноси рус бовар дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон воридшавӣ ба Иттиҳоди Иқтисоди АвруОсиёро дастгирӣ намуда, дар ояндаи наздик аризаи расмӣ пешниҳод мекунанд.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Баъди пайвастан ба ИИ АвруОсиё, ки дар ояндаи наздик рух хоҳад дод, Тоҷикистон барои рушди иқтисод соҳиби имконоти ҷадид мегардад, изҳор дошт муовини директори Донишкадаи ИДМ Владимир Евсеев дар мусоҳиба бо Sputnik.

Айни ҳол ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ворид шуданро баррасӣ намуда истодаанд. Ҳамаи маводҳо аз ҷумла таҳлили ҳамаҷонибаи масъала барои қабули қарор ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст.

Аз ҳама муҳим савдо накардан…

Коршинос Владимир Евсеев барои вуруди Тоҷикистон монеъае намебинад, ҳамааш аз омода будани ҳукумат вобаста аст. Ба қавли ӯ дар сурати розӣ шудани мақомоти кишвар вуруди Тоҷикистон дар давоми ҳамин сол ба вуқӯъ хоҳад пайваст.

"Қирғизистон чун аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) ба Иттиҳоди Иқтисоди АвруОсиё пайваст. Бовар дорам, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ворид шудан ба ИИ Авруосиё розӣ хоҳад шуд. Вале агар Тоҷикистон барои дарёфти имтиёзҳои беҳтар бо ИИ АвруОсиё  "савдо" кунад ба вуҷуд омдани мушкилот аз эҳтимол дур нест",-қайд кард Евсеев.

Дмитрий Косирев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо барҳам мехурад, АвруОсиё густариш меёбад

Ҳангоме, ки ҳукумати кишвар ва президент ҷавоби мусбат медиҳанд ба Иттиҳоди Иқтисоди АвруОсиё аризаи расмӣ пешниҳод карда мешавад. Ва сипас аъзоҳои комиссия якчанд масъалаи муҳим аз ҷумла гумрукро баррасӣ хоҳанд кард.

"Айни ҳол омодагии ҳукумати ҷумҳуриро барои тағйир додани тарифҳо дарк кардан мушкил аст, чунки тариф-ин пул аст. Ҳангоме, ки ҳукумат ба тағйир додани тарифҳо розигӣ медиҳад, он вақт дар бораи вуруд сухан гуфтан ҷоиз мешавад. Чунин қарорҳо дар сатҳи сарони кишварҳо қабул мегарданд",-гуфт Евсеев.

Ба қавли ӯ Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Иқтисоди Авруосиё мушкил надорад, аз ин рӯ барои пайвастан ба иттиҳод ягон монеъ дида намешавад.

Ба муҳоҷирон-ҷои кор, ба ватан-пул

Таҳлилгар вазъияти мушкили иқтисодии дохили кишварро қайд намуда, афзуд ки танҳо дар сурати пайвастшавӣ ба ИИ АвруОсиё метавон ин мушкилотро ҳал кард.

"Дар сурати ворид шудан ба иттиҳод вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ беҳтар мегардад. Қабл аз ҳама ин мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад, ки барои Тоҷикистон масъалаи дарднок аст. Воридншавӣ ба ИИ АвруОсиё имкон медиҳад, ки низоми таъмини кор дар Русия ва Қазоқистон содда  шавад. Дар баробари ин имкони рушди низоми бонкии дохили иттиҳод низ рушд хоҳад кард",-иброз дошт Владимир Евсеев.

Дар сурати беҳтар шудани вазъи кунунии Афғонистон илова намуд коршинос, имкони интиқоли нерӯи барқ дар доираи лоиҳаҳое, ки айни ҳол мавриди баррасӣ қарор доранд пайдо мешавад. Сохтани долони нақлиётӣ тариқи Афғонистон танҳо дар доираи Иттиҳоди Иқтисоди Авруосиё ба роҳ монда хоҳад шуд.

Манфиатҳои Иттиҳоди Иқтисоди АвруОсиё

Кишварҳои аъзои ИИ Авуросиё ҳамчунин манфиатҳои пайвастани Тоҷикистонро дарк мекунанд. Ин иттиҳод кушиш мамлакатҳои ғарбро барои дохил намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳар гуна ҳамгироиҳо суст мекунад.

Леонид Слутский. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Слутский:Тоҷикистон барои ба ИИ АвруОсиё пайвастан омода нест

"Минтақаи мушкил барои он бояд мубориза бурд. Дар баробари ин пайвастани Тоҷикистон имкон медиҳад, ки иқтидори Чин, ки лоиҳаи "Роҳи Абрешим"-ро дастгирӣ мекунад,  пуратар истифода шавад",-гуфт оқои Евсеев.

Сиёсатшинос ҳамчунин қайд намуд, ки иттиҳоди ҳамгироӣ минтақаи озоди савдоро бо Ветнам, Эрон ва Покистон баррасӣ менамояд. Ва Тоҷикистон барои рушди муносибатҳои савдо бо Чин ва Эрон кишвари мувофиқ хоҳад буд.

Платформаи нави ҳамкориҳои Авруосиёи Бузург  ҳамроҳшавии ду иттиҳоди бузург —ИИ Авруосиё ва СҲШ-ро дар назар дорад. Дар баробари ин лоиҳа пайвастани аксари  кишварҳои Осиёи Марказиро новобаста ба мушкилоти ҷойдошта ва амният дар назар дорад.

Дар сурати пайваст шудан ба ИИ АвруОсиё Тоҷикистон ҳамчунин имкон пайдо мекунад, ки бо Ҳиндустон ҳамкориҳои хуб ба роҳ монад, ба гуфти сиёсатшинос Ҳиндустон ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ дорад.

Роҳи пурмашаққат

Ба қавли таҳлилгар яке аз мушкилоти асосӣ таъсиси минтақаи озоди савдо бо Эрон хоҳад буд, чунки муносибатҳои имрӯзаи Душанбе ва Теҳрон наонқадар хуб аст.

"Ин ҷо хусусиятҳои дигарро низ ба назар гирифтан лозим аст, ҳастанд кишварҳое, ки ба ИИ АвруОсиё дохил мешавад, вале ба СҲШ не. Бо чунин давлатҳо низ бояд музокирот анҷом дода шавад",-изҳор дошт сиёсатшинос.

Дар баробари ин Евсеев аз он тарс дорад, ки Тоҷикистон ба минтақаи интиқоли молу амволи Чин ба таври қочоқ ба дигар икшварҳои ИИ Авруосиё табдил ёбад.

"Сарфи назар аз он, ки Тоҷикистон дар чорроҳаи муҳим ҷойгир аст, бисёриҳо онро чун кишвари дурдасти Осиёи Марказӣ медонанд, вале хатарҳо вуҷуд доранд. Бояд дар сатҳи гумрукӣ тадбирҳо андешида шавад",-гуфт коршинос.

Ҳамчунни Евсеев илова намуд, ки Иттиҳоди Иқтисоди АвруОсиё эҳтимолан дар ояндаи наздик аз ҳисоби Узбакистон васеътар шавад. Айни ҳол Тошканд барои баъзе аз кишварҳои аъзои ИИ АвруОсиё наонқадар  мувофиқ аст. Вале коришнос бовар дорад, ки то ворид шудани Узбакистон  Тоҷикистон аллакай соҳиби "имтиёз" мешавад.

Лентаи хабарҳо
0