Бо фармони Эрдуғон осмони Туркияро ҳавопаймоҳои ҳарбӣ посбонӣ мекунанд

© REUTERS \ Tumay BerkinПулиси Анқара. Акс аз бойгонӣ
Пулиси Анқара. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чунин тадбирҳо барои таъмини назорати амнияти давлатӣ равона гардидаанд. Парвозҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҳарбии F-16 анҷом дода мешаванд.

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Тибқи  фармони президенти Туркия Тайиб Эрдуғон ҳавопаймоҳои ҳавоӣ дар осмони Туркия парвозҳои посбонӣ анҷом хоҳанд дод, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии Анадолу.

Парвозҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҳарбии F-16 анҷом дода мешаванд.

Шоми рӯзи ҷумъа мақомоти Туркия дар бораи табаддулоти ҳарбӣ эълон дошт. Дар навбати худ ҳарбиён  дар бораи ба даст гирифтани ҳукумати кишвар хабар дода буданд. Субҳи рӯзи шанбе ҳарбиён таслим шуданд. Ҳукумати Туркия эълон намуд, ки кушиши табаддулоти ҳарбӣ дар кишвар пахш карда шуд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия аллакай зиёда аз 6 ҳазор нафарро дар бастагӣ бо табаддулоти ҳарбӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Туркия дар пайи табаддулоти ҳарбӣ дар кишвар зиёда аз 290 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳукумати Туркия дар ташкили табаддулоти давлатӣ роҳбари гурӯҳи мухолифин Фатхуллоҳ Гуленро, ки дар ИМА ба сар мебарад, айбдор намуданд.

Лентаи хабарҳо
0