Ҷавонони кишварҳои СҲШ ба Омск мераванд

© Flickr \ intellicaviarҶавонон. Акс аз бойгонӣ
Ҷавонон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вохӯрии ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ, ки аз 19 то 23 сентябри соли равон баргузор мегардад, аз ҷониби Агентии федералӣ оид ба ҷавонон (Росмолодежь) ва Иттиҳоди ҷавонони Русия ташкил карда шудааст.

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Шӯрои ҷавонони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аз 19 сентябр шурӯъ шуда то 23-ми ҳамин моҳ давом мекунад, гуфт роҳбари Агентии федералӣ оид ба ҷавонон Сергей Поспелов.

"Мо баргузории якчанд чорабиниро дар доираи СҲШ ва БРИКС дар назар дорем. Шӯрои навбатии ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ аз 19 сентябр то 23-юми ҳамин моҳ давом мекунад баргузории ин чорабини дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди ҷавонони Русия дар назар аст",-гуфт Поспелов.

Ҳамчунин Паспелов қайд намуд, ки то охири соли равон миморандум оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи ҷавонони сиёсӣ бо Камбоҷа ва Юнон дар ба имзо хоҳад расид.

Баҳори донишҷӯёни кишварҳои БРИКС ва СҲШ дар Уфа оғоз гардид

Дар ҳоли ҳозир Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Дар аввоили моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз мегардад.

Қаблан хабар дода шуд, ки Дар шаҳри Уфа (Русия) аз 24 то 28 июн ҷашнвораи байналмиллалии "Баҳори донишҷӯёни БРИКС ва СҲШ", баргузор гардид, ки дар он ҳазорон донишҷӯ аз 15 кишвари дунё иштирок карданд. Донишҷӯён бо таҷрибаи эъҷодии якдигар шинос шуда, ҳамчунин дар барқарор ва таҳким бахшидани муносибатҳои байналмиллалӣ саҳм хоҳанд гузошт.

Дар доираи ҷашнвора озмуни зебоии "Маликаи баҳор" баргузор гардид. Дар озмун намояндагони Африқои Ҷанубӣ, Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Арманистон, Қазоқистон, Русия ва Булорус ишртирок карданд.

Донишҷӯи тоҷик Парвина Аҳророва дар фестивали "Баҳори донишҷӯёни кишварҳои СҲШ ва БРИКС" иштирок карда дар озмуни зебоӣ соҳиби унвони дилработарин зан гардид.

Лентаи хабарҳо
0