ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Дар шаҳри Уфа (Русия) аз 24 то 28 июн ҷашнвораи байналмиллалии "Баҳори донишҷӯёни БРИКС ва СҲШ", ки намояндагони гурӯҳҳои эъҷодии зиёда аз 20 кишвари ҷаҳонро ба ҳам меорад баргузор мегардад, иттилоъ дода мешавад дар торномаи "Баҳори донишҷӯёни Русия".
Фестивали донишҷӯён аз ҷониби вазорати маориф ва илми Русия, ташкилоти ҷамъиятии умумирусиягии "Созмони ҷавонони Русия", ҳукумати ҷумҳурии Бошқирдистон, Донишгоҳи давлатии техникии Уфа ташкил карда мешавад. Хусусияти фарқкунандаи ин ҷаншнвора дар он аст, ки дар он натанҳо барномаҳои фароғатӣ фарҳангӣ балки гузаронидани барномаҳои омӯзишӣ низ дар назар аст.
"Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки ба ин ҷо омададнд, онҳое, ки ин ҷашнро ташкил карданд. Бо чунин вохӯриҳо мо муносибатҳои дӯстонаи миёни кишварҳоямонро мустаҳкам менамоем",-иброз дошт Вениамин Каганов муовини вазири вазорати маориф ва илми ФР зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи фестивал.
Раиси Созмони ҷавонони ФР Павел Краснорутский қайд кард, интихоби шаҳри Уфа барои баргузории фестивал оддӣ нест. Соли гузашта ҳамин замон дар пойтахти Бошқирдистон ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲШ ва БРИКС баргузор гардида буд ва ҳамон замон қарор дар бораи макони баргузории фестивали байналмиллалӣ қабул гардида буд.
Дар доираи фестивали мазкур ҳамчунни ҷашнвораи дигар, озмуни байналмилаллии маҳорати бадеӣ "Маликаи баҳор"-и донишҷӯёни БРИКС ва СҲШ баргузор мегардад. Ҳамчунин майдонҳои кории "Арт холл" барои гурӯҳҳои эъҷодӣ ва "Медиавесна" барои журналистон фаъол аст.
Ҷашнвораи "Баҳори донишҷӯёни кишварҳои БРИКС ва СҲШ" бояд ба майдони муколамаи иттилоотӣ барои таҳким бахшидан ва рушд додани муносибатҳои дӯстонаи байни давлатӣ гардад.
Ба сифати коршиносон, модераторон ва меҳмонҳои ҷаласа сиёсатмадорони машҳур, рӯзноманигорон, ситораҳои эстрада ва фаъолони корҳои ҷамъиятӣ ҷамъ омадаанд.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд.
БРИКС-панҷ кишварро дар бар мегирад: Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ.