Баъди тирпарронӣ дар Алмаато низоми зидди террористӣ эълон шуд

© AP / Peter Leonard Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди мусаллаҳ дар кӯчаҳо қадам зада ва ба сӯи ҳаво оташ кушод. Дар шаҳр сатҳи баландтарини хатар эълон шуда, амалиёти зидди террористӣ гузаронида мешавад.

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар маркази Алмаато назди бинои шӯъбаи корҳои дохилии ноҳиявӣ тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст, иттилоъ медиҳад ИА Казоқистон.

Ба гуфти шоҳидон марди  номаълум  аслиҳа дар даст ва ба сӯи осмон тирпарронӣ кардааст.

"Панҷ-шаш мардро назди мо оварданд, айни ҳол онҳо дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор додарнд ",-гуфт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Бино ба маълумоти пулис дар шаҳр низоми шадиди амниятии сатҳаш "сурх" эълон шуда, амалиёти зидди террористӣ гузаронида мешавад.

"Аз мардум хоҳиш карда мешавад, ки хонаҳои худро тарк накунанд, аз ҷойҳои серодам нагузаранд. Дар бораи ҳама гуна одамони шубҳанок даррав ба мақомоти пулис маълумот диҳанд",-гафта мешавад дар иттилоия.

Ҳамчунин дар бораи ба ҳалокат расидани кормандони ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ дода мешавад.

Амалиёти дастгир кардани террористон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Террористони Оқтеппа қасди ҳамла ба биноҳои мақомоти давлатиро доштанд

"Дар шаҳри Алмаато низоми амниятии шадиди сатҳаш "сурх" эълон шудааст. Қурбониён низ ҳастанд. Яке аз ҳамлакунандагон дастгир гардида, як тани дигар дар кофтуков қарор дорад",-омадааст дар хабарнома.

Моҳи июни соли равон дар Актоби Қазоқистон гурӯҳи номаълуми мусаллаҳ ба мағозаҳои фурӯши аслиҳа ва бинои низомӣ ҳуҷум карданд. Дар шаҳр низоми зиддитеррористӣ эълон шуда буд. Дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона ҳафт нафар ба ҳалокат расиданд, ки аз байнашон се нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқ буданд.

Лентаи хабарҳо
0