ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Иштирокчиёни ҳодисаи рӯзи 5-уми июн дар баробари ҳамла ба мағозаи силоҳи оташфишон ҳамчунин ният доштанд, ба дигар биноҳои мақомотҳои ҳукуматӣ ҳуҷум намоянд, хабар дод рӯзи якшанбе дар нишасти матбуотии вилояти Актоб, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Нургалӣ Билисбеков.
"Мувофиқи маълумоти пешакӣ террористон баъди аз худ кардани аслиҳа ният доштанд ба якқатор биноҳои маъмурии мақомоти давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳанд",-гуфт ӯ.
Вале бо қавли ӯ аксуламали саривақтӣ ва амалиёти касбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин нияти нопоки террористонро пешгириӣ кард.
Тибқи маълумот зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ 18 нафар нобуд карда шуда, 9 каси дигар дастгир гардиданд. "Боздоштшудагон дар бораи корҳои ҷиноии худ маълумот пешниҳод менамоянд",-қайд кард Билисбеков.
Ҳамчунин ӯ хабар дод, ки аз террористон 23 адад силоҳ ёфт ва мусодира гардид.
"Вобаста ба ҳодисаи мазкур 25 парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот аз ҷониби Дастаи тафтишотии байниидоравии кормандони Кумитаи амнияти миллӣ, ВКД ва Прокуратураи генералӣ идома дорад",-қайд кард ӯ.
Рӯзи 5-июн гурӯҳи ҷинояткорон ба мағозаи фурӯши аслиҳаи оташфишон ва таҷҳизоти низомии вилояти Актоб ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд. Дар шаҳр низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълон гардида, фаъолияти корхонаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда шуд. Бино ба маълумоти ВКД ҷинояткорон пайравони ҳаракатҳои радикалии динӣ будаанд.